Нашрияи Омӯзгор

Бозӣ ҳангоми саёҳат

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

Омӯзиши  география аз синфи 6 – ум оғоз мегардад ва он яке аз фанҳои табиӣ буда, аз рӯи мақсаду вазифа ба ду қисми калон – табиӣ ва иқтисодӣ ҷудо  мешавад. Интихоби дурусти роҳу усули дарс ё машғулиятҳои беруназсинфӣ дар мисоли гузаронидани саёҳат ё экскурсия ҳангоми таълими география муайянкунандаи шак-лу мазмуни таълим мебошад. Ин  усул тавассути алоқаманд кардани фаъолияти муаллим ва хонанда амалӣ мегардад. Ҳар қадар омӯзгор фаъол бошад, хонанда низ ҳамон қадар пурмасъулият мегардад.  Дар гузаронидани машғулиятҳои беруназсинфӣ дар мисоли фанни география барои экскурсия дар нақшаи тақвимӣ вақт ҷудо гардидааст. Омӯзгор метавонад онро дар саҳро бо ҳайати хонандагон самаранок истифода барад. Экскурсия дар ташаккули зеҳнии хонандагон аҳамияти калон дорад. Яке аз мавзӯъҳое, ки  ҳангоми саёҳат интихоб мегардад, «Алоқамандии инсон бо табиат» ном дорад. Сараввал макони интихоби дарс ё саёҳатро муқаррар менамоем. Он бояд дар оғӯши  табиат сурат гирад. Хонандагон дар саёҳат аз наздик бо табиати атроф, алоқамандии унсурҳои табиат: ҷинсҳои кӯҳӣ, релеф, хок, об, ҳаво, организми зинда ва ғайра шиносоӣ пайдо мекунанд. Барои завқи хонандагонро боло бардоштан, фаъолу чаққон ва ҳозирҷавобу хушзеҳн намудани онҳо чанд бозиро истифода бурдан даркор аст. Нахуст дар соли аввал ҳангоми саёҳат барои хонандагони синфи 6 мо бояд пайдошавии кӯлу дарё, кӯҳу теппаҳоро фаҳмонем. Масалан, барои муайян  кардани самти ҷараёни оби ҷӯй мо бо бачаҳо   нусхаи киштиҳои бодбондорро аз коғаз сохта, ба об сар  дода, ба онҳо дар бораи чӣ хел аз релефи баланд ба сатҳи ҳамворӣ  ҷорӣ шудани дарёҳоро фаҳмонем.

Дар бозии навбатӣ, ки барои синфҳои 8 – 9 нигаронида шудааст, хонандагонро ба ду гурӯҳи баробар тақсим намуда, вазифадор менамоем, то дар нақшаи маҳал ё харитаи худсохти маҳал, ки худи бачаҳо сохтаанд, номгӯи алаф ё растаниҳои маҳалро нависанд. Дар охир харитаи геоботаникии маҳал ташкил карда мешавад. Ҳар гурӯҳе, ки номи зиёди алафҳоро дар харита –  нақшаи  геоботаникӣ қайд намудааст, ғолиб шуморида мешавад.

Барои самаранок гузаронидани вақт ҳангоми экскурсия – саёҳат ҳар чӣ бештар аз бозиҳо истифода барем, ҳамон қадар зудтар ба мақсад мерасем

Шаҳло  УМАРЗОДА,

омӯзгори география


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш