Нашрияи Омӯзгор

Сарбаландӣ

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

Омӯзгори асил ба сони машъалест, ки дар партави донишу хирадаш инсонҳои зиёде ба камолоти маънавӣ мерасанд, дар ҷомеа мавқеи хоси худро пайдо мекунанд. Бонуи хирадпеша Хосият Ҳасановаро аз зумраи чунин ашхос дарёфтам.

Муаллимаи заҳматқарин Хосият Ҳасанова дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ба гуфтаи худаш, парвардаи сулолаи омӯзгорон аст, зеро теъдоди зиёди хешону пайвандонаш ҳаёти худро ба мактабу маориф бахшидаанд. Пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ба номи Луначарский (ҳоло коллеҷи омӯзгорӣ) чанде ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият бинмуд. Аммо баъдан барои  такмили илму дониши хеш ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд ба номи С. Киров (ҳоло ДДХ ба номи Б. ғафуров) ҳуҷҷат супурд.

- Аввали соли таҳсил дар як гурӯҳ 7 духтар таҳсил мекардем, аммо дар охир ду духтар он гурӯҳро хатм кард, зеро дигарон ба душвориҳои айёми донишҷӯӣ тоб наоварда, аз баҳри таҳсил баромаданд, ба ёд меорад Х. Ҳасанова. - Маро ҳам соли дуюми таҳсил дар донишгоҳ ба шавҳар доданд. Он солҳо духтаронро зуд оиладор мекарданд. Ба ман ҳам ташвиши рӯзгору ҳам нигоҳубини фарзандон ва ҳам таҳсил дар донишгоҳ мушкил буд, аммо барои соҳибмаълумот шудан талош мекардам ва тамоми азобу ранҷро босаброна паси сар менамудам.

- Ҳангоми дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ хонданам, шавҳари ояндаам, ки он ҷо таҳсил мекард, маро дида, талабгор мешаванд. Ба донишгоҳи шаҳри Хуҷанд омадаму он кас хостгор фирис-тоданд ва мо тӯй шудем, - ёд меорад ҳамсуҳбатам. – Шавҳарам Неъматҷон Нуров марди заҳматпешае буданд. Солҳои таҳсиламон дар донишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ҳайси лаборант кор мекарданд. Баъди хатми донишгоҳ ба шаҳри Панҷакент баргаштем. Қалами хуб доштанд, ҳамсарам. Дар нашрияи «Зарафшон» солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун: мудири шуъба, котиби масъул фаъолият карданд. Ҳамзамон, дар мактаби №15-и шаҳр ба русзабонҳо забони тоҷикиро меомӯхтанд. Ду омӯзгор дар як оила будем, ба сони ду дӯсти самимӣ, ёвару кумакрасони ҳам…

- Шавҳарам зуд аз миёни мо рафтанд ва ману бачаҳоро хеле барвақт аз дидорашон маҳрум намуданд. Ҳоло кӯчаеро, ки зиндагӣ мекунем, ба номашон гузоштаанд…

Ҳамсарон Неъматҷон Нуров ва Хосият Ҳасанова соҳиби 7 фарзанди некном гардиданд, ки имрӯзҳо дар хидмати халқу Ватан камар бастаанд. 3 духтари муаллима Шаҳло Нурова, Шифо Нурова ҳамчун омӯзгорони таърих ва  Зулхумор Нурова ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт (айни замон директори мактаби №3-и шаҳри Панҷакент) роҳи волидонро интихоб намудаанд.

Фаъолияти омӯзгории Хосият Ҳасанова аз мактаби рақами 15-и шаҳри мазкур оғоз гардидааст. Сипас, дар мактаби №3 ба хонандагони синфҳои болоӣ аз забону адабиёт дарс гуфт. Муаллима ёдовар мешавад:

- Дарсҳо бисёр шавқовар мегузашт. Шогирдон бо ҳаваси зиёд илм меомӯхтанд, зеро ҳангоми дарс роҳу усулҳои гуногуни таълимро истифода бурда, диққаташонро ба дарс ҷалб карда метавонистам. Худам сенария навишта, бо бачаҳо ба саҳна мегузоштам. Мактабе, ки дарс медодам, толори калон надошт. Бинобар ин, бисёр вақт намоишҳоро дар театри шаҳрӣ ба саҳна мемондам. Худам ҳам шеър менавиштам, аммо бо мурури солҳо аз эҷоди назм даст кашидам. Шеърҳои худ ва дигаронро бо оҳанг ба бачаҳо ёд медодам.

Айни замон шогирдони муаллима дар соҳаҳои мухталиф кор мекунанду  аз устоди хеш миннатдоранд. Аз ҷумла, яке аз шогирдонаш  Олимҷон Қосимов - олим, доктори илмҳои филологӣ баъди ҳимояи рисолааш ба Х.Ҳасанова зимни номае чунин изҳори сипос кардааст: «Ҳамаи муваффақиятҳоям самараи дарсҳои фарогиру пурмуҳтавои шумост, муаллимаи азизам. Ташаккури зиёд барои меҳнату дилсӯзиҳоятон!»

- Ҳарчанд хидматҳои банда бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст, аммо арзиши ин гуна сипосномаҳо низ аз дигар унвонҳо кам нест, - мегӯяд муаллим.

Хосият Ҳасанова солҳои тӯлонӣ (1967-2009) ба ҳайси раиси Шӯрои занони маҳаллаи Қоқурии шаҳр, машваратчии суди вилоятӣ ва депутати шаҳрӣ (солҳои 1990-1995) низ кор кардааст.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»         


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш