Нашрияи Омӯзгор

Рисолати ӯ худафрӯзист

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

Мактаби миёнаи рақами 87 – и ба номи Шодӣ Ҳанифи ноҳияи Сино  тӯли сездаҳ соли фаъолияташ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Айни замон ин таълимгоҳро зани кордону соҳибтаҷриба, омӯзгори сахтгир Мавҷуда Қосимова роҳбарӣ менамояд.

 Ин ҷо ба 2500 хонанда бештар аз 100 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.

М. Қосимова омӯзгорест, ки гуфтору рафтораш барои ҳамкасбону шогирдон намунаи ибрат мебошад.  Чун рисолати омӯзгор тарбияи инсони комил аст, вай  метавонад содиқонаву холисона насли ҷавонро дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намояд. Ӯ низ чунин хислатҳоро дорост. Пас аз хатми факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мактаби №9-и ноҳияи Сино чанд сол ба шогирдон аз ин фан дарс гуфт ва чанде муовини директор низ буд. Баъдтар дар мактабҳои №№ 47, 48-и ҳамин ноҳия роҳбари муассиса таъйин гардид. Ҳоло роҳбарии мактаби №87- ро ба уҳда дорад.

Вай  роҳбари сахтгиру серталаб аст. Дар байни ҳамкасбону шогирдон ва аҳли маҳалла соҳиби обрӯву эътибор буда, ҳамчун шахси хоксору фурӯтан, заминиву самимӣ маҳбуби дилҳо гардидааст. 

Роҳатой  БАРОТОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш