Нашрияи Омӯзгор

Маърифат ҷавҳари инсон аст

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Тарбияи фарзанд вазифаи аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад.

Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузург талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои  ахлоқи наку ва ба ҷомеа нафърасон мебошад

Аз сарчашмаҳои илмию фарҳангӣ ва таърихӣ бармеояд, ки ояндаи дурахшон ва соҳибтамаддунии давлат ва миллат ба тарбияи дурусти насли наврас алоқаманд мебошад.

Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила, чи аз нигоҳи қонун ва чи аз назари маърифати исломӣ, воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Fазолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе  мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”.

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пурхонда ва соҳибфазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбанд. Дар ин раванд таъсири муҳит низ нақши асосӣ мебозад.

Таълиму тарбияи насли нав-рас кори пурифтихор ва пуршараф аст. Барои тарбияи насли наврас дар баробари волидон омӯзгорон низ бояд саҳми худро гузоранд.

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо наврасон ба амалҳои номатлуб, ҳатто ҷиноят даст мезананд. Ин зуҳурот талаб мекунад, ки на танҳо аҳли илму маориф ва оила, балки тамоми институтҳои ҷамъият барои дурусту хушахлоқ ва ба ҷомеаву миллат фоидаовар ба камол расидани насли наврас диққати ҷиддӣ диҳанд. Чунки дар шароити ҳозира оилаву мактаб танҳо наметавонанд аз уҳдаи идораи наврасон бароянд.

Яке аз беҳтарин усулҳои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад. Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.

Дар мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва масъулони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 2017) бори дигар ба масъалаи наврасон, назорат ва тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳ карда шуд. Қайд гардид, ки “Воридшавии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва умуман, наврасони то синни 14 баъд аз соати 18 ба интернет-кафеҳо манъ карда шавад”. Ин супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон айни муддаост. Зеро аксари наврасон хушунату зӯроварӣ ва дағалиро аз тариқи интернет ёд мегиранд. Аслан, бозӣ, хусусан, бозиҳои компютерӣ, дигар асту зиндагии воқеии мо дигар.

Бинобар ин, дар баробари назорати мақомоти дахлдошта дар берун, зарур аст, ки волидон дар хона ва муаллиму мураббияҳо дар мактабҳо назоратро пурзӯр намоянд. Бояд ҳалқаи оила - мактаб – ҷомеа ба таври ногусастанӣ сохта шавад ва амал намояд. Танҳо дар ин ҳолат насли наврасро аз ҳар гуна оқибатҳои номатлуб ҳимоя кардан мумкин мегардад.

Тозагул РАҲМОНОВА,

муаллимаи мактаби №59-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш