Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгори ҷӯянда

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

Раҳёна Садриддинова пас аз хатми факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами №30-и шаҳри Роғун  ба фаъолият шурӯъ кард. Азбаски Раҳёна омӯзгори ҷавон буд, барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзии шогирдон аз омӯзгорони пухтакору соҳибтаҷриба  маслиҳат мепурсиду дар машғулиятҳояш аз методҳои таълимии онҳо истифода мебурд. Бо маслиҳати устодони муассиса Раҳёна тавонист дар як  муддати кӯтоҳ ба комёбиҳо ноил гардад. Шогирдонаш дар олимпиадаҳои минтақавию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои  аввал ва  медалҳои нуқрагию биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин, ду нафар шогирди муаллима бо квотаи Президентӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Сад-риддин Айнӣ шуданд. Баъди ду соли дар мактаби №30 кор карданаш қобилияту кордонӣ ва масъулиятшиносии ӯро шуъбаи маорифи шаҳри Роғун ба назар гирифта, ба мактаб-интернати шаҳраки Обигарм ба кор фиристодандаш.

Муаллима шогирдонро дар рӯҳияи худогоҳӣ, накукорӣ, хислатҳои хуби инсонӣ, китобхонӣ, эҳтироми калонсолон, ватандӯстӣ, баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинӣ, омӯхтани асарҳои гузаштагон таълиму тарбия менамояд. Хизматҳои муаллима сазовори чандин ифтихорномаю сипосномаҳои ҳукумати шаҳри Роғун  ва шуъбаи маориф гардидааст.

Ҳокими Сафар,

шаҳри Роғун


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш