Нашрияи Омӯзгор

Рӯзноманигори соҳибқалам буд

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

Шаби 17-уми октябри соли 1992    журналисти варзидаи Ёвон, сароянда, ровии ширинбаён Таваккали Файзулло аз дасти душманони миллати тоҷик, дастаи мусаллаҳи Қорӣ Восиди хунхор ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.

Инак, аз он рӯзи фоҷиавӣ  27 сол сипарӣ гардид.

Ҳар як инсон дар ҳаёт ба хотири номи наку умр ба сар мебарад, талошу заҳмат  мекашад, то дар зиндагӣ мавқеъ ва ҷои муносиби худро дарёфт намояд. Мусаллам аст, ки дар рӯи замин инсонҳое  зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ки аз худ бо қаҳрамониҳо дар набардҳои шадиди душманони миллат, меҳнати ҳалолашон, хислатҳои хубашон ному нишони нек ёдгор мондаанд ва мемонанд. Ин қабил шахсон то лаҳзаи вопасини умри худ баҳри ободӣ, шукуфоӣ ва пешравии Ватани азиз кору пайкор менамоянд. Тавакали Файзулло роҳи рӯзноманигориро пеша намуда буд.

Ҳангоми кори рӯзнома дилсӯзӣ, муносибати сахтгирона нисбат ба худ ва рафиқонаш дар рафтораш дида мешуд. Чун устоди баркамол  шогирдони зиёдеро тарбия намуда буд. Ба навқаламон маслиҳат медод, навиштаҳои шогирдонаи онҳоро гаштаву баргашта мехонд. Чун калима ё иборае аз навиштаҳояшон писандаш меомад, чеҳрааш аз хурсандӣ чун гул мешукуфту бо лаби хандон ба шогирдон таҳсин мегуфт. Агар ӯ зинда мебуд, бо меҳнати пурбаракаташ дар соҳаи эҷод барои насли имрӯза самараи зиёд меовард.

Таваккали Файзулло   ҷавоне буд, дар авҷи камолот, ӯ корманди ҳақиқии рӯзнома буд, ҳунари сарояндагӣ  низ дошт, бо мардум забон ёфта метавонист, маъракаро бо ҳазлу мутоиба обод карда метавонист. Дигар ин ки гули сари сабади тӯю маъракаҳои ноҳия, вилоят буд. Бо қомати баланду чеҳраи нурбор, табассуми дилкаш, ҳаҷвҳои намакин ва сурудҳои ҷаззоби худ ба дили шунавандагон роҳ меёфт. Ва дар лаҳзае ҳаёти ӯро тири нохалафон, душманони халқу миллат барканд, ки навакак аз маъракаи хурсандӣ баромада, ба ҳисси қаноатмандӣ назди аҳли байт рафтанӣ буд.

 Аз Таваккал танҳо ёдҳо боқӣ мондаасту халос. Ӯро ҳамагон бо некӣ ёд мекунанд.

 

Миралӣ ОДИНАЕВ,

сармуҳарири рӯзномаи

«Субҳи Ёвон»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш