Нашрияи Омӯзгор

Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед!

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

Мероси бою гаронбаҳои фарҳанги халқи куҳани тоҷик собит месозад, ки тарбияи ҷавонон, пеш аз ҳама, аз фикру ақидаҳои инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро хислатҳои олии инсонӣ-олиҳимматӣ, дӯстӣ, росткорӣ, поквиҷдонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли оянда эҷодиёт ва фаъолияти  фарзандони барӯманд ва  мутафаккирони бузурги халқи тоҷик намунаи ибрат ва шоистаи пайравист.

Яке аз чунин фарзандони барӯманди халқи тоҷик,  ки ба рушду нумӯи театри халқи  азизамон   хизмати назаррас намудааст, шодравон  Маҳмудҷон Воҳидов мебошад.

Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарпеша ва ровии  намоёни  халқи тоҷик  ҳамагӣ 38 сол умр дидааст. Афсӯс, ки риштаи ҳаёти ӯ дар  айни  камолоти эҷодӣ ба таври фоҷиавӣ  канда шуд. Ҳунарпешаи  мумтоз дар  тӯли умри кӯтоҳи худ  дар театр ва кинои тоҷик, эстрадаи  консертӣ, радиову телевизион басо  навҷӯию навовориҳо намуда, дар пешавиии фарҳанги куҳан ва ҳам навбунёди  халқи тоҷик саҳми хеле сазовор гузошт.

   Маҳмудҷон Воҳидов хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи (ГИТИС) Маскав буда, дар оғоз ба ҳайси актёри Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Ленинобод (1960-61) ва баъдан, аз соли 1960 то вафоташ дар  Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ содиқона  хизмат кардааст.

Ин ҳунарпешаи варзида дар саҳнаи театр нақшҳои бисёре, аз ҷумла, Митя ва Незнамов дар  спектаклҳои «Камбағалӣ айб нест” ва «Гунаҳгорони бегуноҳ»-и Н.Островский, Ромео  дар “Ромео ва Ҷулетта»-и У. Шекспир,  Бейлиро дар «Ҳуррият»-и ғ.Абдулло,  Азизро дар  «Дуэл» -и М.Байҷиев, Бежанро дар «Бежан ва Манижа»-и Х-Хушкинобӣ, Эзопро  дар  «Эзоп»-и Фигейреду, Рӯдакиро  дар «Рӯдакӣ»-и С.Улуғода, Мамбетро  дар «Қуллаи Фудзияма»-и Ч.Айтматов, Қ.Муҳаммадҷонов, Усмонхоҷаро дар «Гарнизон таслим намешавад»-и Ҷ.Икромӣ, Хизрхонро  дар «Фарёди ишқ»» - и F.Aбдулло ва боз чунин нақшҳоро дар кино офаридааст. М.Воҳидов дар  накшҳои дар боло зикршуда  хеле  моҳирона санъати  актёрии худро нишон дода, дар онҳо  хусусиятҳои умумиинсонӣ ва  таърихи  куҳани миллии тоҷикро моҳирона  намоиш додааст.

Шоистаи таъкид аст, ки ҳунари эҷодии  ӯ  ҳангоми офаридани нақши Митя аз спектакли «Камбағлӣ айб нест», ки  кори дипломии ӯ маҳсуб меёфт, соли 1959  дар Институти театрии ба номи Луначарский устодонашро ба ваҷд овардаа  будааст. Аз ҷумла, дар газетаи «Советская культура» дар ин боб чунин омадааст: «Воҳидов образи лирикии нарму дилрабои мудири хоҷагии камбағали амлокдор Митяро эҷод намуд. Аммо ин фатонати ҷавонӣ ва мустақилияти муқаррарӣ набуда, балки, пеш аз ҳама, ҷозибаи эҳсоси зинда ва самимист”...

Фаъолияти актёрии М.Воҳидов, асосан дар саҳнаи театри ба номи  А.Лоҳутӣ равнақ меёбад. Бори аввал соли 1957 дар  Ҳафтаи маданияти Тоҷикистон дар Маскав ширкат варзида, дар толори консертии ба номи Чайковский шеъри М. Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ» ва баъди қарсақзаниҳои дурудароз шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-ро қироат  намуда, ба шуҳрату муваффақияти аввалин ноил  гардидааст. Он вақт  овози махмалину ширадораш, шавқу завқи бепоёнаш ҳамаро моту мабҳут намудааст.

Зикр  кардан бамаврид аст, ки дар саҳнаи тоҷик М.Воҳидов асосгузори намоиши театрӣ бо иштироки як актёр буда,  бо номи театри як ҳунарпеша маълум гардида буд.

Солҳои 1969 ва 1971 боз моноспекталҳои «Ватан ва фарзандон» (аз рӯи шеърҳои шоирони тоҷик) ва «Ишқи зиндагӣ»- ро  (аз  ғазалҳои Ҳофиз)-ро бо маҳорати баланд намоиш дод, ки худ мураттиб, режиссёр ва иҷрокунандаи онҳо буд.

Соли 1974 М.Воҳидов таҷрибаи моноспектакли пешинаашро истифода бурда, аз рӯи рубоиёти Умари Хайём  ба забони русӣ композитсияи нави  адабиро  иборат аз ду қисм  бо номи «Наедине с   собой» («Гуфтугӯ бо худ»)  ба саҳна гузоштааст ва ба комёбии барҷаста дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ноил гардидааст.

Театршиноси маскавӣ И.Иняхин ба намоиши «Наедине с собой» баҳои баланд додааст:

«Шаби ҳунарнамоии Маҳмудҷон Воҳидов толор пур аз одам ва оромии том ҳукмфармо буд. Андеша бо ҳаяҷон бармехӯрд. Ӯ бо худ, бо шеъри олӣ гуфтугӯ дошт, аз рамзу роз гап мезад, хурсандӣ мекард, ба ғазаб меомад, нафрин мехонд. Ва ҳамроҳи ӯ мо ба изтиробу ҳаяҷон меомадем».

М.Воҳидов неруи эҷодиашро дар соҳаи кинои тоҷик  низ озмуда, дар ин ҷодаи санъат  мавқеи хоса пайдо кард ва дар рушди он саҳми босазое гузоштааст. Бо киностудияи «Тоҷикфилм» робитаи қавию ҳамкории босамар дошт. Ӯ дар бисёр филмҳои ин студия нақшҳои муассиру хотирнишин, аз ҷумла, Шариф аз филми «Зумрад», 1961, Раҷаб аз «Ҳасани аробакаш», 1965, котиби райком Қодиров аз «Ҷӯра саркор», 1965), Тулод аз «Достони Рустам», 1971), Аҳмади Дониш аз «Ситорае дар зулмот», 1972), Олим аз «Асрори гузаргох», 1973)- ро иҷро намуда ва шуҳраташро ҳамчун артисти кино афзудааст ва ҳамчунин, дар дубляжи як силсила филмҳо  ширкат варзидааст.

Хизмати М. Воҳидов, дар рушди «Радиотеатр»-и тоҷик низ басо калон аст. Ҳунарпеша ҳангоми офаридани нақш дар ин ё он радиоспектакл ё радиоинсенеровка, чун ба нақши дар намоиши театр иҷрокардааш муносибат мекард. Ӯ симои қаҳрамонони асосии повестҳои инсенировкашудаи Чингиз Айтматов «Ҷамила» ва «Чашми шутур», Маҷнун аз «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, Ромин аз «Вис ва Ромин»-н Гургонӣ, Бежан аз «Бежан ва Манижа»-и Фирдавсй, Печорин аз «Бела»- и Лермонтов, Шопир аз «Нисо»-и П.Лукнитский, котиби райком аз «Дарё маҷрои нав меҷӯяд»-и М.Наҷмиддинов, командир аз «Вафо»-и Ф.Ниёзиро офаридааст.

Театри ба номи А.Лоҳутӣ соли 1971 «Эзоп» - ро ба саҳна монд. Муваффақияти намоиши «Эзоп», пеш аз ҳама, ба маҳорати Маҳмудҷон Воҳидов вобаста буд.

Хизматҳои барҷастаи ин ҳунарманди нотакрор бо ордени «Нишони фахрӣ”,  медалҳо ва унвони «Артисти халқии РСС Тоҷикистон” (1973), Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1972) қадр карда шудаанд.

Умарҷон  Юлдошев,

доктори илмҳои педагогӣ,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш