Нашрияи Омӯзгор

«Муаллими зӯр» кист?

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

Масъалаи таъсирбахш будани дарси омӯзгорон хеле муҳим аст.

Доштани якчанд диплому шаҳодатнома, саводи баланду замонавӣ, донистани забону васоити технологияи муосир ин ҳанӯз нишонаи муаллими хуб ё «муаллими зӯр» буданро надорад. Баробари доштани саводи хуб, омӯзгор бояд методи хуби таълимӣ дошта бошад. Маводи заруриро бо истифода аз методҳои гуногун ба шогирдон омӯзонад ва гиреҳҳоро пайдарҳам кушода тавонад. Омӯзгори асил ҳаргиз хонандагонро ба бесаводӣ таъна намезанад, зеро медонад, ки дониши хонандагон дониши муаллим аст. Омӯзгори ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ аз саводнокии худ мағрур намешавад ва ифтихор аз саводи худ намекунад. Мояи ифтихори муаллим бояд шогирдони ӯ бошанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ, мутаассифона, омӯзгорон бо сифатҳои дар боло зикршуда ҳанӯз ҳам фаъолият доранд. Ба дарси ҳамдигар ворид шудан, ғанӣ гардондани таҷрибаи корӣ,  омӯхтани методҳои дигарон ва дар кори худ истифода бурдани онҳо вазифаи ҳар як омӯзгор, махсусан, омӯзгорони ҷавон аст. Пайваста бо як усул таълим додан боиси дилгиркунанда  ва бе таъсир гузаштани дарси муаллим мегардад.

Барои расидан ба мақсад ва ҳал намудани мавзӯъ аз методҳои гуногун истифода бурдан лозим мешавад. Методҳо  бешуморанд. Ҳар як омӯзгор вобаста ба фанни худ, бо дарназардошти мавзӯи дарс метавонад методҳои мақбулашро истифода барад. Аз ҷумла, методи нақл, методи суҳбат (маълумотдиҳӣ ва бахотироваранда), методи машқ, методи кор бо китоби дарсӣ, методи истифодаи варақаҳо (карточкаҳо), методи аёният,  методи ангезиши зеҳн, методи истифодаи воситаҳои техникӣ, методи мусобиқа, методи кори гурӯҳӣ  ва ғайраҳо. Агар мо, омӯзгорон, хоҳем, ки заҳматҳоямон самараи дилхоҳ диҳад ва дарсамон шавқангез гузарад, бояд методҳои навини таълимро бештар омӯзем ва дар кори худ фаровон истифода барем.

Моҳира Ашӯрзода,

омӯзгори мактаби №60-и шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш