Нашрияи Омӯзгор

Тақриз ба иншо

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 1360        Шарҳ: 0

Мушовирону нозирони шуъбаи маориф ва омӯзгорони корозмудаву пуртаҷриба тавсия медиҳанд, ки ба корҳои хаттии эҷодии хонандагон (нақли хаттӣ, иншо, эссе) тақриз навишта, ҳусну қубҳи онро мухтасаран ё батафсил баён кардан аз манфиат холӣ нест. Онҳо таъкид менамоянд, ки махсусан, ба кори хаттие, ки муносиби баҳои “2” ё сазовори баҳои “5” мегардад, тақриз навиштан ҳатмист. Мушоҳида ва суҳбатҳо перомуни ин масъала нишон медиҳад, ки бисёр омӯзгорони ҷавон вақти тақриз навиштан ба кори эҷодии шогирдон лолу ҳайрон мемонанд, ки дар ҳошияи иншо (эссе) чӣ бинвисанд. Аммо агар онҳо кӯшиш намоянд ва ба масъала ҷиддӣ машғул шаванд, ба дилхоҳ кори хаттии хонанда, ҳатто ба диктант тақриз навиштан мумкин аст. Муҳим ин аст, ки тақриз ба номаш не, барои намоиш ҳам не, балки барои ишораи ҳадафмандона кардан ба ягон ҷиҳати фарқкунандаи кори хаттӣ, хоҳ камбуд, хоҳ бартарият бошад, навишта шавад. Инак чанде аз тақризҳои ба корҳои эҷодии шогирдон навиштаи худро барои омӯзиши омӯгорони ҷавон пешниҳод месозем.

1. Тақриз ба иншои Р. Сайёра:

“Агарчи иншо зоҳиран хеле хуб навишта шудааст, доир ба мундариҷа, муҳтаво ва сохтори он ду эроди ҷиддӣ гирифтан мумкин аст.

Аввалан, дар матн чанд калима, чунончи калимаи мазкур, ки маънои зикршуда, ишорашуда, гуфташударо дорад, беҷо ва надониста кор фармуда шудааст. Яъне, маъно ё чизи аслану амалан дар ҷумлаҳои пешина зикрнашударо, ки шояд дар тасаввури нигоранда буд, аммо дар шакли сухан ба рӯйи саҳифа фурӯ нарехтааст, мазкур гуфтан дуруст нест. То маъние дар навиштор ё гуфтори нависанда ё гӯянда дар қолаби як ё чанд ҷумла баён нашавад, мо аз куҷо донем, ки вай дар ҷумлаи дигар мазкур гуфта чӣ чизеро дар назар дорад? (Иловатан, чанд мазмун  дар чанд ҷумлаи аввал ишора шуда бошад, дар ҷумлаи баъдина “мазкур” гуфта мо, ғолибан, мазмун ва чизи дар ҷумлаи охирини пешина зикршударо дар назар дошта метавонем).

Сониян, муаллиф дар бораи жанрҳои ашъори ғиноии шоир ба қадри имкон муфассалан сухан ронда, вале мундариҷаю муҳтавои он ашъорро дар ҳаҷми як ҷумла баён ва дар як ҷумлаи дигар хулоса намудааст.

Агар ба шарҳу баёни мундариҷаи ашъори лирикии шоир чун дар бораи сохтори жанрии он муфассалу мукаммалтар сухан мерафт, ба иншо баҳои баландтар гузоштан мумкин буд. Зеро асос ва мағзи мулоҳизаи мавзӯи пешниҳодшуда бояд маънидод кардани мундариҷаи ашъор ва тавзеҳ додани махсусиятҳои муҳтавои он бошад, на як-як шумурдану муфассалан зикр намудани қолабҳои шеърӣ”.

2. Тақриз ба иншои Қ. Беҳзодҷон:

“Ба назари сатҳӣ ва ба таври умумӣ, яъне дар муқоиса бо иншоҳои ҳамсабақон ҳукм бароварда хулоса кунем, иншо бад нест. Ба мундариҷа ва тартиби баёни фикр эроди ҷиддӣ нагирифтан мумкин бошад ҳам, дар мавриди забон ва тарзи баён аз эродгирӣ худдорӣ кардан нашояд. Забон ва тарзи баён носуфта мебошад. (Ҷойҳои махсусан носуфтаи матн бо хати мавҷнок ишора шуд). Дар матн фаровон истифода бурда шудани калимаи “мебошад” ҳусни гуфтор (навиштор)-ро хеле коҳиш додааст. Аз мушоҳидаи чунин аҳвол фикре дар сар пайдо мешавад, ки иншонавис ғайр аз феъли мебошад, феъли дигареро медониста бошад ё на”?

3. Тақриз ба иншои А. Лайло:

“Барои шахси ноогоҳ маълум нест, ки иншонавис “мустазоди мазкур”, яъне зикршуда, дар борааш гап задашуда гуфта, кадом мустазодро дар назар дорад? Ин калимаи ба нуктаи пештар баёншуда ишоракунанда танҳо баъд аз зикр шудан, яъне дар бораи касе ё чизе гуфтан ё навиштани маъное пеш аз лаҳзаи ибрози хулосаи охири нутқ истифода бурда мешавад. Ба ҷои калимаи “ мазкур” унвони мустазод (“Ба ҳаводори забони тоҷикӣ”) навишта мешуд, ҷумла маънои дуруст мегирифт ва равшании андеша ва ҳамвории баёни фикр халал намеёфт.

Басо (хеле) калимаҳо ҳастанд, ки бо ихтисор ё илова шудани як ҳарф (ҳиҷо) ба дигар калима табдил меёбанд ва маънои тамоман дигарро ифода мекунанд. Чунончи, калимаҳои маъмули даст ва даста, чашм ва чашма, яке машҳуру яке маҳдудистифодаи шарт ва шар(р) барин луғоти дар навишт ва талаффуз бо як ҳарф (овоз) тафовутдоштаро мулоҳиза намоем, маълум мегардад, ки ҳар кадоме, агарчи бо дигаре ҳамреша аст ё решаҳои гуногун дорад, мафҳум ва маънои мухталифро ифода мекунад. Ин нукта аз шарҳи маъно ва мафҳуми калимаи банд, ки дар иншо саҳван банда навишта шудааст, равшан мегардад.

Банда - асир, гирифтор, ғулом; фармонбардор, мутеъ; дар гуфтор аз рӯйи хоксорӣ ба маънои ман (ҷонишини шахси якуми танҳо) низ кор фармуда мешавад.

Банд - ҳар як қисм, ҳисса ё ҷузви ҷудогонаи таркиби шеър; мисраъҳо ва байтҳои аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар алоқаманд ё аз рӯйи сохтори шеърӣ ва сабаби дигаре ба ҳам “басташуда”. Калима аз дувоздаҳ маънои он, ки дар Фарҳанги забони тоҷикӣ шарҳ ёфтааст, бо ҳамин маънояш дар матни иншо истифода бояд мешуд”.

Оё хондану мулоҳиза кардани чунин тақризҳо ба иншои хонандагон дарси савод, воситаи барангезиши таваҷҷуҳ, сайқали тасаввур ва тақвияти тафаккур нест?

 

Абдуғанӣ Муҳаммадиев,

омӯзгори мактаби №29,

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш