Нашрияи Омӯзгор

Китоби писандида

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

Аксари китобҳои  дарсӣ бо маълумоти фаровону аҷиб, тарзи иншо, забону баёни муаллифон дархӯри  завқу хостаи мо буда, ба хонандагон низ фаҳмо ва писанд мебошанд. Китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 9, ки муаллифони он Тӯйчӣ Мирзод ва Суннатуллоҳи Давлатзода мебошанд, аз ҳамин қабил китобҳои дарсӣ ба шумор меравад. Пеш аз ҳама, забон ва ҳусни баёни муаллифон хеле содаву фаҳмо ва мазмуну муҳтавои китоб баланд аст. Як хусусияти ҷолиб ва фарқкунандаи китоби мазкур аз дигар китобҳои дарсӣ дар он аст, ки дар нақли зиндагиномаи шоирону нависандагон Т.Мирзод ва С.Давлатзода як лавҳаи  ҳаёти шоиронро ба таври бадеию образнок пеши назари хонанда таҷассум месозанд. Дигар хусусияти назарраси китоб он аст, ки дар таҳлилу инъикоси ҳаёт ва фаъолияти адибон муаллифон барои сабуктару осонфаҳм шудани мавзӯъҳо онро ба бобҳои алоҳида ҷудо намуда, қабл аз нақли тарҷумаи  холи ину он шоир порашеър  ё қитъае аз эҷодиёти худи он шоирон ё баҳои дигар  адибонро дар бораи онҳо меоранд. Дар хатми ҳар мавзӯъ саволу супоришҳо ва тестҳо ҷой дода шудаанд.

Ҷиҳати осон  шудани фаҳмишу дарки мавзӯъҳо муаллифони китоб дар баёни шарҳи ҳолу эҷодиёти  шоирон нақшаи аёнии асарҳои таълифнамудаи шоиронро пешниҳоди омӯзгору хонанда мекунанд, ки хеле ҷолиб аст. Таҳлилу баррасӣ ва тафсиру тавзеҳи шеъру қитъа ва рубоию дубайтиҳои шоирон аз ҷониби муаллифони  китоби дарсӣ муъҷазу ихчам ва ба  таври фаҳмо  сурат гирифтааст.

Масалан, ҳангоми баёни мавзӯи «Таҳлили нақшҳои асосии достони «Дувалронӣ  ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ» зимни таҳлили образи Хизрхон оварда шудааст:

«Хизрхон ишқи пок дорад ва барои ба мақсад расидан дар ин роҳ устувор аст, саъю талош дорад. Вале мубориз нест. Ба гапи падару модар гӯш медиҳад. Ба ҷуз зорию тавалло, ашк рехтан, нолаи пурсӯз намудан роҳи дигар надорад. Барои ӯ давлату сарват, ҷоҳу мансаб ҳеҷ аст».

Бояд қайд намуд, ки тамоми мавзӯъҳои пешниҳодшуда дар китоб, ки ҳаёт ва эҷодиёти намояндагони адабиёти асрҳои XIII-XV-ро дар бар мегирад, бо чунин як забони фасеҳ ва балеғу шево навишта шудааст.

Заррина Сатторова,

омӯзгори забон ва адабиёти

мактаби №24-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш