Нашрияи Омӯзгор

Фалак – мероси фарҳанги ниёгон

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

Фалак яке аз жанрҳои мусиқӣ буда, аз осори шифоҳии мардуми кӯҳистон сарчашма мегирад. Ба андешаи санъатшиносон, жанри фалак таърихи куҳан дорад ва иҷрояш маҳорати хоса металабад.

Чаро фалак мегӯянд? Назар ба таъкиди сарчашмаҳо, вожаи фалак аз он сарчашма мегирад, ки мардум орзуву омол ва розу ниёзҳои худро аз тариқи сурудаҳои фалакӣ, ки таскинбахши қалбу оромии рӯҳи онҳост, баён мекунанд.

То имрӯз дар кишварамон мутахассисони соҳаи санъат ду намуди фалак: роғӣ ва даштиро дар байни мардум маъмул мешуморанд. Дар қатори фалаки роғиву даштӣ, ҳамчунин, фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ, фалаки кӯҳистонӣ ва амсоли инро мардум дар маҳалҳо месароянд.

Арҷгузорӣ ба санъати ниёгон шаҳодати он аст, ки дар ҳар минтақа санъати фалаксароӣ аз тарафи мардум эҷод ва ба услуби маъмулии маҳал иҷро мешавад.

Фалаки кӯҳистониро муҳаққиқони жанри фалак решаи аслии ҳунари фалаксароии ҳамаи минтақаҳо меҳисобанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 ноябри соли 2001 бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ рӯзи 10 октябр ҳамчун Рӯзи фалак эълон гардид. Маҳз ин икдом шоиста ва арзанда ба таъсисёбии ансамбли «Фалак» асос гузошт.

Баҳри рушду нумуи ин жанри мусиқӣ санъатшиносону олимони варзидаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов, Аслиддин Низомов, Фароғат Азизӣ, оҳангсози шинохта Фаттоҳ Одинаев корҳои арзишмандеро анҷом додаанд. Дар Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шуъба ва факултаҳо фаъолият доранд, ки ҳамасола ҷавонони зиёде онҳоро хатм карда, дар инкишофи санъати фалак дар кишварамон саҳм мегиранд.

 

Заррина МАҶИДОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик,

мактаби №44, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш