Нашрияи Омӯзгор

«Ғунчаҳои санъат» куҷо шуд?

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

Дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи фарҳангдӯстиву зебопарастӣ ва санъатварӣ хизмати роҳбарони бадеии таълимгоҳҳо арзишманд буда, аз ҷониби онҳо хонандагони боистеъдод ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнвораҳо ҷалб карда мешаванд.

Хонандагоне, ки дорои маҳорату истеъдоди баланд дар ин ё он соҳаи санъати мусиқӣ мебошанд, аз назари роҳбари бадеӣ дур намемонанд.

Рушду нумӯи «Ғунчаҳои санъат» дар муассисаҳо ин, албатта, кӯшишу дастгирии роҳбарони бадеии маҳфили санъаткорони мактаб мебошад.

Мо дар шабакаҳои телевизион ҳар гуна барномаҳои ҷолибро тамошо мекунем, аз қабили «Як пиёла чой», «Субҳ», «Созу роз…»

Санъаткорони машҳур, ҳунарпешагон, сарояндагону навозандагон дар ин барномаҳо даъват карда мешаванд ба хотири ташвиқу тарғиби ҳунари онҳо. Вақте ки дар суҳбату вохӯриҳо аз куҷо сарчашма гирифтани ҳунари онҳоро пурсон мешаванд, онҳо бо ифтихор аз маҳфили бадеию санъати солҳои мактабхонӣ ё ин ки «Ғунчаҳои санъат»-и мактаби миёна гуфта, аз устоди аввалини худ-роҳбари бадеии мактаб ёдовар мешаванд. Ҳамагон медонанд, ки омӯзиши аввалини ҳар ҳунарманд аз зинаҳои мактабӣ сарчашма мегирад.

Вале, мутаассифона, солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ воҳиди кори роҳбари бадеии мактаб бо сабабҳои номаълум барҳам дода шудааст, ки боиси нигаронии устодону шогирдон гаштааст. Ин омил ба гузаронидани ҷашнвораҳо, ҳафтаҳои фаннӣ, конфронсҳои илмиву адабӣ ва ғайра бе таъсир  намемонад. Рушди нумӯи истеъдодҳо, шавқу рағбати беандозаи шогирдон ё аъзои маҳфили санъаткорон дар нимароҳ мемонад ё коҳиш меёбад. Ҳаваси аксарияти онҳо нисбат ба санъату ҳунар суст мегардад ва ё аз байн меравад. Солҳои охир бо сабаби барҳам хӯрдани воҳиди кории роҳбари бадеии маҳфили санъаткорон дар мактаб аксари чорабиниҳои адабиву фарҳангии муассисаҳо мувофиқи матлаб намегузаранд ё бештар қолабиву сохта роҳандозӣ мегарданд. Ташаккули маҳорати санъаткорони ҷавон дар раванди гузаронидани чорабиниҳои адабӣ – фароғатӣ ба таври дилхоҳ ба роҳ монда намешаванд. Аз ин  сабаб, муассисаҳо низ дар ин самт ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд.

Чорабиниҳои  фароғатӣ, ҷашнвораҳо аксар вақт якрангу якнавохт, барномаҳои мусиқӣ камтаъсир баргузор мешаванд ва ин ҳолат ба тарбияи маънавию зебоипарастии хонандагон ва густариши маҳорату истеъдоди онҳо таъсири манфӣ мегузорад Агар мо ба раванди дарсҳои мусиқӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот ва ба ташкилу гузаронидани маҳфилҳои  бадеӣ дар мактаб диққат диҳем, пас, шогирдони мо дар рӯҳияи инсондӯстӣ, зебоипарастӣ, ватандӯстӣ тарбия ёфта, дар кору фаъолияти ояндаи худ муваффақ мегарданд.

 

Содиқ Содиқов,

омӯзгори мактаби №17,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш