Нашрияи Омӯзгор

Қаҳрамонии бемисл

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев ба муносибати 73-солагии ғалаба бар Германияи фашистӣ кормандон ва аҳли маорифи кишварро табрик гуфт. Аҳли толор бо дақиқаи хомӯшӣ хотири шаҳидонро шод намуданд. Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи касбии вазорат Ҷалолиддин Амиров оид ба қаҳрамонии мардони Ватан, аз ҷумла, фиристодагони Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Ҷамъомад хотирнишин гузашт.

Нафисаи АБДУЛАЗИЗ,

корманди Маркази матбуотии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш