Нашрияи Омӯзгор

Сифати дониш паст

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле боло рафта, дар ин ҷода омӯзгорону хонандагон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Бо мақсади  омӯхтани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия  мо ба гимназияи давлатии №1 ва муассисаҳои таълимии № 14, 29 ва 65 рафтем. Гимназияи давлатии №1 (директораш А. Назиров)  ягона муассисаи таълимии типи нав дар ноҳия буда, дар маркази шаҳраки Ҳулбук ҷойгир аст. Дар гимназия 685 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 37 нафар омӯзгори соҳибкасб таълиму тарбия медиҳанд. Раванди таълим дар гимназия дар ду баст ҷараён дошта, толибилмон аз воситаҳои навини техникаи муосир бархурдор ҳастанд. Дар гимназия кабинетҳои таълимии фанҳои химия, биология, технологияи информатсионӣ  ва як маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда шудааст. Гурӯҳи назорати сифати таҳсилот иборат аз 3 нафар фаъолияти пурсамар дорад. Ҳайати гурӯҳ моҳе ду маротиба ҷаласаи худро гузаронида, масъалаҳои муҳими таълиму тарбия ва сифати дониши хонандагонро аз рӯи фанҳои таълимӣ  ҳаллу фасл менамоянд. Дар соли 2019 гурӯҳи назорати сифати таҳсилот 4 маротиба сифати дониши хонандагонро аз рӯи фанҳои математика, забони русӣ, забони хориҷӣ ва химия санҷида, ба маъмурияти гимназия гузориш пешниҳод намудааст. Дар маҷмӯъ, сифати таҳсилот 4,1 балро ташкил мекунад. Иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннӣ назаррас буда, 3 нафар хонанда аз фанҳои химия ва забони хориҷӣ ғолиби озмуни вилоятию ҷумҳуриявӣ гаштаанд. Омӯзгори химия М. Давлатов ғолиби озмуни «Омӯзгори соли 2019» дар вилоят гаштааст. Дар муассисаи таълимии №14 (директораш А. Юлдошев) раванди таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шуда, муассиса яке аз муассисаҳои пешқадами ноҳия ба шумор меравад.  Дар муассиса барои назорати доимии сифати таҳсилот аз ҳисоби омӯзгорони собиқадору пешқадами мактаб гурӯҳи назорати сифати таҳсилот иборат аз 5 нафар таъсис дода шудааст. Роҳбарии гурӯҳро омӯзгори соҳибкасб Намозалӣ Ашӯров ба уҳда дошта, тибқи нақшаи корӣ дар ҳар моҳ ду маротиба санҷиши сифати дониши фанҳои таълимиро мегузаронад ва натиҷаи санҷишро дар шӯрои омузгорони мактаб мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бинои муассисаи таълимии №65  соли 2017 аз тарафи соҳибкори саховатманд Қосим Назаров сохта ба истифода дода шудааст. Омӯзгори собиқадори мактаб Нуралӣ Сафарзода дар хусуси сифати таълиму тарбия ва дониши пас-ти хонандагони мактаб  чунин гуфт: - Пеш аз ҳама, талаботи ягона нисбат ба хонандагон кам дида мешавад. Падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти зарурӣ намедиҳанд. Хонандагон китобҳои бадеӣ кам мутолиа мекунанд. Дар муассиса аз 41 нафар омӯзгорон 10 нафарашон ба маълумоти миёнаи педагогӣ фаъолият мекунанд. Дар соли 2019 аз шумораи 41 нафар омӯзгори ҳамагӣ 4 нафар омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанду халос. Дар муассисаи таълимии №29 (директораш Шоҳрух Одинаев) таълиму тарбия ва дониши хонандагон аз муассисаи мазкур фарқ дорад. Дар муассисаи мазкур 67 нафар омӯзгор ба 1062 нафар хонанда таълим медиҳанд. Директори муассиса Ш. Одинаев мегӯяд, ки бинои муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Сол то сол шумораи хонандагон зиёд мешуд, ҷойи нишаст намерасид, сифати таълиму тарбия  коҳиш меёфт. Бо омӯзгорону раиси АВО-и мактаб оид ба проблемаю мушкилоти ҷойдошта маслиҳат намуда, барои ёрӣ ба падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ муроҷиат кардем. Аҳли деҳа, хатмкунандагони солҳои пеш ва соҳибкорони деҳа мактаби садамавиро таъмиру азнавсозӣ намуданд. Бо дастгирии омӯзгорону шахсони саховатпеша кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат (духтарона ва писарона) ва суруд ва мусиқӣ ташкил гардида, бо воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.                                          

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш