Нашрияи Омӯзгор

Чаро барномаҳои давлатӣ иҷро намешаванд?!

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

Паст будани сифати таълим ва ба талаби замон ҷавобгӯ набудани шароити таълиму тарбия, инчунин, дар  вагонхона таҳсил кардан, нарасидани ҷойи нишаст, нокифоягии синфхонаҳо ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои баъзе муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон боиси ташвиши масъулони вилоят гаштааст.

Тавре Ҷумъахон Идиев, корманди раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ дод, пояи моддию техникии қисме аз муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят заиф аст. Маводу воситаҳои таълимии замонавӣ, харита, глобус, химикатҳо, телевизору видеомагнитофонҳо, проектору тахтаҳои электронӣ дар таълимгоҳҳо, хусусан мактабҳои деҳот нокифоя буда, кабинетҳои фаннӣ ба таври бояду шояд ҷиҳозонида нашудаанд. “Боиси таассуф аст, ки дар ноҳияи Муъминобод 6 муассисаи таълимӣ дар хонаҳои шахсӣ, дар ноҳияи Кӯшониён синфхона дар вагон, дар ноҳияи Қубодиён 4 муассисаи таълимӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгир мебошанд. Дар шаҳри Норак низ 2 муассисаи таълимӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои шахсӣ ҷойгир мебошанд”, - афзуд Ҷ. Идиев.

Дар ҳоле ки барои таълиму тарбияи хонандагон шароити мусоид фароҳам нест ва онҳо дар чунин вазъ ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд, чӣ гуна метавон аз сатҳу сифати таълим ҳарф зад? Барои муҳайё кардани шароиту имкониятҳои мусоид дар муассисаҳои таълимӣ як қатор барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор дода шудаанд. Маҳз дар асоси ин барномаҳо муассисаҳои таълимии садамавӣ азнавсозӣ мегарданд ва синфхонаҳои наву биноҳои хуштарҳ қомат меафрозанд. Вале боиси таассуф аст, ки иҷроиши барномаҳои мазкур дар вилояти Хатлон ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, масъулини раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, ки 292 муассисаи таълими ба бинои иловагӣ ва таъмири асосӣ ниёз доранд.

Агар дар бораи иҷроиши «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» ҳарф занем, лозим ба ёдоварист, ки аз оғози татбиқи барнома қариб се сол сипарӣ гардидааст, аммо рафти амалишавии он нигаронкунанда мебошад. Корҳои анҷомдодашуда ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Масалан, тибқи талаботи барнома соли 2017 ҷиҳати иҷрои замимаи 1, 2 ва 3 барои сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ 200 миллион сомонӣ, соли 2018 бошад, 213,9 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мегардид. Вале соли 2017 5,4 миллион сомонӣ (2,5 фисади нақшаи пешбинигардида) ва соли 2018 ҳамагӣ 23,5 миллион сомонӣ (10,7 фисади нақшаи пешбинишуда) ҷудо карда шудаасту халос. Тибқи талаботи Барнома бояд соли 2017 66 иншоот, соли 2018 119 иншоот ва соли 2019 114 иншооти соҳаи маориф бунёд мегардид. Мутаассифона, давоми се сол (ба ҳолати 20 сентябри соли 2019) ҳамагӣ 39 иншоот сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Мутахассисон яке аз сабабҳои аз соли 2017 то имрӯз оғоз нагардидани сохтмони қисмате аз муассисаҳои таълимиро дар сари вақт ҷудо нагардидани маблағҳои пешбинишуда аз тарафи сарчашмаҳои маблағгузор медонанд. 

Аз нигоҳи масъулин иҷро нагардидани барнома омилҳои зиёд дорад. Хусусан, сари вақт ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ, қитъаи замин барои сохтмон, беасос тӯл кашидани корҳои лоиҳакашӣ, таъхир дар таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, набудани ҳамкории судманд миёни масъулини соҳа ва фармоишгарону пудратчиён, корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ дар иншооти соҳа аз оғози барнома то ҳанӯз шурӯъ нагардидаанд.

 

С. Азизӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш