Нашрияи Омӯзгор

Рӯзи пуршукӯҳ

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

Меҳрмоҳ, рӯзи аввали он Ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳуми рӯзи  меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи офтоб аст ва чун дар ин рӯз офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ин аз они Сосониён дар ин рӯз ин  буд, ки сурати офтоб дар ӯ буд, дар сар мегузоштанд ва офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад.

Абӯрайҳони Берунӣ

 

Худойгоно! Фархунда Меҳргон омад,

Зи боғ гашт ба таҳвили офтоб аҳвол.

Саропардаи суҳбат кашид себу турунҷ,

Ба табли реҳлат барзад гулу бунафша дувол.

Ба сони моҳии заррин кунун фурӯ резад,

Зи бед барг ба як зилзила ба оби зулол.

Куҷост он ки падар-ш оҳан асту модар санг,

Адуи уду абиру ҷазои куфру залол.

Ба табъ чун ҷигари ошиқон, тапидаву гарм,

Ба ранг чун алами ковиён, хуҷаста ба фол.

Бигӯй, то барфурӯзанду барфарозонанд,

Бад-ӯ бисӯзон дайро саҳифаи аъмол…

Мунҷикии Тирмизӣ

 

Бисоти базм

Муборак бод ин ҷашни Меҳргони бузург,

Насиб шодӣ аз ин беш баргузору бипой.

Бисоти базм кун аз гуна – гуна тӯҳфаи боғ

Сарой хулд кун аз нағмаи сурудсарой.

Нишастгоҳ яке навбаҳор соз бадеъ,

Ба ҷои гул маи сурӣ, ба ҷои булбул ной.

Унсурӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш