Меҳру муҳаббат ва эҳтироми худро тоҷикон нисбат ба муқаддасоти миллати хеш ва расму оину анъанаҳои ниёгонашон бо роҳҳои гуногун ифода мекардаанд, масалан, бо ибодат, бо ситоиш, бо посдорӣ ва таҷлилу тантана.
Бештар аз ҳама самимияту эътиқодашонро ба ин ё он ҷашну оин тоҷикон тавассути каломи бадеъ, шеъру ҳикоя, рисолаву ёддоштҳо иброз медоштанд ва ин анъана то ба имрӯз роиҷ аст. Барои мисол ёдовар мешавем, ки дар ситоиши ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарину ҷолибтарину сурурбахштарин ҷашнҳои миллии мост, адибону суханварону муаррихони тоҷик он қадар асар эҷод кардаанд, ки агар ҳамаро гирд оварем, даҳҳо ҷилд китоб хоҳад шуд. Дар ситоиши ҷашни Меҳргон, ки низ аз ҷашнҳои дерину мақбулу муҳтавоманди тоҷикону ориёинажодон аст, ситоишномаҳои фаровон гуфта шудаанд. Аҳли таҳқиқ таъкид кардаанд, ки дар васфи Меҳргон ва моҳи меҳр ҳанӯз дар китоби бостонии «Авасто» маълумот оварда шудаву меҳрмоҳ васф шудааст. Оид ба ҷашни Меҳргон, ҳамчунин, дар дигар сарчашмаҳои муътамаду қадимии офаридаи ниёгони мо иттилои ҷолиб мавҷуд мебошад. Табиист, ки ин ҷашни миллию мардумиро бештар аз ҳама шоирон васф бинмудаанд. Ин ҳолатро мо дар ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дучор меоем ва дармеёбем, ки дар аҳди қофиласолори адабиёти тоҷик низ Меҳргон шукӯҳу эътибори баланд доштаасту ҳамагонро, аз шоҳ то ба гадо, шодию нишот мебахшидааст. Одамушшуаро аз расидани ҷашни Меҳргон масрур гашта, аз ин лиҳоз, бо шеъри баланду дилписанд ва лабрез аз шодмонӣ паём мерасонад, паёме пур аз эҳсосоти олию фарогир:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ
Бадали боғу бӯстон мад!
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ низ ба ситоиши Меҳргон таваҷҷуҳ шудааст. Маълум, ки пайдоиши Меҳргон бо ҳодисаи пирӯзии Фаридун нисбат ба Заҳҳоки морон иртиботманд дониста мешавад. Ин ҳодисаро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» тавсиф бахшидааст ва зимнан борҳо аз Меҳргон ёдовар шудааст. Дар мавриди дигар (дар достони дигари «Шоҳнома») мо ба ин байт дучор меоем:
Бикард андар он кӯҳ оташкада,
Бад-ӯ тоза шуд Меҳргону Сада.
Байти зерин, ки дар он ҳам аз Меҳргон ва таҷлили он ёд шудааст, аз «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ иқтибос мешавад:
Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,
Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барфарохт.
Маълум, ки Манучеҳрии Домғонӣ аз шоирони тавоною маъруфи тоҷик буда, васфияҳои зиёде сурудааст ва дар тасвири табиату зебоиҳои он, дар тараннуми тантанаҳои мардумӣ, ҷашнвораҳо истеъдоди беназир доштааст. Ин шоири васфиясарой дар ситоиши Меҳргон ашъори дилпазир гуфтааст ва ин қитъаи мақбул аз ӯст:
Шод бошед, эй ки ҷашни Меҳргон
омад,
Бонги овои дуройи корвон омад.
Меҳргон омад, ҳон, дар бикшоедаш,
Андар ореду тавозуъ бинмоедаш.
Шоирони дигари тоҷик, чун Маъсуди Саъди Салмон, Фаррухӣ, Унсурӣ, Адиб Собир… гӯё сабқат ороста, ҷашни Меҳргонро самимона ва бо маҳорату истеъдоди баланд ситоиш кардаанд.
Шоирои имрӯзаи тоҷик низ анъанаҳои ниёгони худро идома мебахшанд ва дар васфи ин ҷашни хуҷистаи миллат шеърҳои дилрасу самимӣ эҷод менамоянд. Меҳргон, воқеан ҳам, арзандаи ҳама гуна арҷгузориву пазиришу ситоиш аст.
Хосият Аҳмадова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр