Нашрияи Омӯзгор

Худшинос бояд буд

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

Тарбияи худшиносӣ дар замири шогирдони мактаб аз домони модар оғоз мегардад ва баъдан дар боғчаву мактаб инкишоф меёбад. Барои сайқал додани ҳисси худшиносӣ ва ифтихор аз Ватану марзу бум устоди мактаб бояд ҳамвора кӯшиш кунад, ки шогирдонаш бештар китобҳои бадеӣ бихонанд. Ҳамчунин, аз шуарои муосир шеърҳои ватандӯстонаро хонда, бештар ба маънои Ватану муқаддасоти кишвари худ сарфаҳм бираванд. Омӯзгор бояд мисли ҳунарманд бошад ва дар бораи дӯст доштани Ватан ва тарбияи хештаншиносӣ ба таври муассиру ифоданок бо шогирдон суҳбат кунад, то дар ниҳоди онҳо ҳисси меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан бедору қавӣ гардад.  Ман ҳамчун омӯзгор ҳамвора андеша мекунам, ки оё метавониста бошам дар қалби шогирдони азизам тухми меҳру муҳаббат, худшиносиву маърифатро сабз намоям? Ва бо қатъият мегӯям: Бале, метавонам! Зеро ман маърифату фарҳангу худшиносиро нахуст аз модари азизу устодони муътабару китобҳои хондаам омӯхтаам. Ашъори пурғановати устод Рӯдакиро хондаву дарёфтам, ки фақат донишу хирад моро ба самти хушбахтӣ мебарад ва худшинос мекунад:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

 Оре, муаллими асил он аст, ки ҳамеша дар ниҳоди шогирдонаш маъниву мазмуни ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ватанпарастиро ҷой бикунад. Ин масъулияти бузург рисолати муаллим ва волидайн мебошад.

Ман ҳамчун устоди мактаб чандин сол боз фаъолият дорам ва хуб эҳсос кардаам, ки шогирди таълимгирифтаву тарбиятдидаву худшинос ҳамеша падару модар ва ватану забону фарҳангашро эҳтиром мекунад.

Ба асолати Ватан имон овардани шогирдони мо ҳатмист, зеро дарахти ҳувияти инсон ду реша дорад; яке - Ватан, дигаре - забон, яке ба ҳайси модар асту дигаре ба ҳайси падар.

Забони тоҷикӣ муаррифи мероси бузурги фарҳангу адабиёти ҷаҳонии мост ва тавассути он дар рӯи олам моро мешиносанду эҳтиром мекунанд.  

Таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ки воқеан аз ниёгонамон ба ёдгор расидаанд, омилҳое ҳастанд, ки бештар фарзандони моро худшиносу худогоҳ намуда, ба сӯи ватандориву хештаншиносӣ ҳидоят месозанд.

Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои таблиғи ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.” Баъд аз хондани ин суханони пурифтихор боз ҳам эҳсос мекунам, ки рисолати аслии мо омӯзгорону волидайн, тарбияи волои насли наврас аст ва бояд онҳоро тавре тарбия кард, то ба қуллаҳои худшиносӣ бирасанд, ободгарони фардои миллат бошанд.

 

Гулчеҳра БАЧАБЕКОВА,

омӯзгори мактаби №93,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш