Ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои муқаддасу мондагор шинохта мешавад ва аз ин рӯ, он баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллии мардуми тоҷик буда, ҳар сол дар моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Меҳргонро фарҳанг-шиносон ба обу ҳаво вобаста медонанд. Мутобиқи ривоятҳои бостонӣ Шоҳ Фаридун поягузори ҷашни Меҳргон аст ва Меҳргон рӯзест, ки Фаридун ба Заҳҳок ғолиб меояд. Ва ин воқеа дар моҳи меҳр рух додааст. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омадааст, ки баъд аз Ҷамшед салтанатро Заҳҳоки морон ба даст гирифтааст, ки мардумро шиканҷаву дарду азоб медодааст. Аммо ба бахти мардуми азияткашида абармарде бо номи Фаридун пайдо шуда, Заҳҳокро аз салтанат дур кардаю мардумро озод мекунад. Онҳо ба ваҷд омада, ба ин муносибат ҷашни бузурге баргузор мекунанд ва номи ҷашнро Меҳргон меноманд. Ва Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” гуфта:
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба рӯзи хуҷиста сари Меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёни кулоҳ.
Устод Рӯдакӣ ба шарафи фаро расидани ҷашни Меҳргон аз фаровонии ҳосили боғу бӯстон ва зебоии табиат ба Наср ибни Аҳмади Сомонӣ муроҷиат мекунад ва дар ғазале маликро васф карда, ба шодию хурсандӣ даъват мекунад:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷавон омад.
Ҷашни Меҳргон дар фасли тирамоҳ ва дар анҷоми ғунучини ҳосил таҷлил мегардад. Аз баъзе сарчашмаҳои бостонӣ далел меоранд, ки дар аҳди қадим танҳо ду фасл будаст; яке гармо ва дигаре сармо. Яъне, аён мегардад, ки оғози фасли гармо ҷашни Наврӯз асту ибтидои фасли сармо Меҳргон.
Меҳргон ҳам мисли Наврӯз суннатҳои вижаи худро дорад. Дар ҷашни Меҳргон ҳам мардум дастархони идона ороста, беҳтарин анвои табиат, меваҳои гуногунро мегузоранд. Масалан, дар хони Меҳргон лиму, себи зард, хӯшаи гандум, ангур, шакар, оина ва паллаи тарозуро мегузоштанд.Дар дастархони Меҳргон ҳатман анвое, ки ранги зард дошта бошад (яъне рамзи фасли тирамоҳ), гузошта мешуд. Паймонаи тарозуро ба хотири нигаҳдории аҳду паймон рӯйи хон мегузоштанд. Дар “Ёддоштҳо”-и Устод Айнӣ ин ҷашн бо номи “Сайри Дарвешобод” маъмулу маъруф будааст ва дар ин рӯз мардум ба сайргоҳ баромада, шодиву нишот мекардаанд. Дар боби “Сайри мазор”-и асари устод омадааст, ки дар ин рӯз ҷашни бузург ороста, дастархонҳояшонро пур аз меваҳои тар, тарбузу харбуза ва сабзаҷот карда, дар гирди хони пур аз нозу неъмат таронасароӣ мекунанд.
Хушбахтона, дар замони истиқлол ҷашнҳои миллӣ, расму оинҳо ҷойгоҳи пешинаи худро боз соҳиб гаштанд. Ҳарчанд ки дар замони Шӯравӣ Иди ҳосилот ҷашн гирифта мешуд, аммо вожаи Меҳргонро касе ба забон намеовард. Ҳоло бошад, дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон дар ин ҷашн аҳли заҳмат ҳосили ҷамъовардаашонро ба намоиш мегузоранд, ҳамчунин, мардум ба ҳам омада, таронаҳо дар васфи Меҳргон месароянд ва ҳамдигарро шодбош мегӯянд. Ҳамчунон, ки Манучеҳрии Домғонӣ фармуда:
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни
бузурги хусравон,
Норанҷу нору арғавон овард аз
ҳар ноҳия.
Майдагул БЕГОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр