Нашрияи Омӯзгор

Дастгирии хонандагони фаъол

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

Дар панҷ соли охир бори аввал 3 нафар хонандаи муассисаи таълимиро бо аттестати аълои равиявӣ (аз фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ) ва медали тилло хатмнамуда, соҳиби мукофоти пулии раиси вилояти Хатлон гардиданд.

Хатмкардагони литсейи давлатии №1 – и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фурқат Давлатмуродзода, гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб» -и ноҳияи Муъминобод Рамзия Сайдуллоева ва Аниса Сатторова аз ҷавонони фаъоле мебошанд, ки миёни хонандагони беҳтарин ва талошманду кӯшои муассисаҳои таълимии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар соли 2019 дар фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ эътироф гардиданд.

Маҳз ба ин муносибат бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ин хонандагон ба маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии онҳо ба маблағи 3 000 (се ҳазор) сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид.

С.Азизӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш