Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба сифати таълим

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва кормандони соҳаи илму маориф ҷамъомад баргузор гардид.

Қ. Ҳакимзода ба масъулини соҳа барои баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани кадрҳои лаёқатманд, муҳайё намудани шароити кору таҳсил дар макотиби миёнаву олии қаламрави вилояти Хатлон дастурҳои мушаххас дод.

Сипас, зиёда аз 10 нафар корманди соҳаи илму маориф барои фаъолияти назаррас ва ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ қадрдонӣ гардиданд. Хусусан, Диловаршоҳ Исозода, сардори раёсати маорифи вилоят, Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи тиббии Хатлон, Қурбонбӣ Забирзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва чанде дигарон соҳиби раҳматномаи раиси вилояти Хатлон шуданд.

 

 

Қадрдонии олимон

Бо мақсади рушди соҳаҳои илму маориф ва дастгирии олимони ҷавон 4 – уми сентябри соли 2019 қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои сарфароз гардонидани онҳо бо мукофоти давлатӣ ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур ҳамасола ба кормандони соҳаи маорифи вилоят, ки 5 соли охир дар муассисаҳои соҳаи маориф ва таҳсилоти умумии вилоят фаъолият намуда, ба дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳо сазовор мегарданд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзади илм 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва барои дифои рисолаи доктори илм 10 000 (даҳ ҳазор сомонӣ) муқаррар гардидааст.

С.Азизӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш