Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб як зумра чорабинии фарҳангию варзишӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода Рустам, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло мактаби варзишӣ, толор ва ду майдончаи варзишӣ (майдони футбол ва волейбол) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода дар расми ифтитоҳи мактаби нави варзишӣ, ки бо тарзи замонавӣ сохта шудааст, варзишгарону ҷавонони деҳотро табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар рушди варзиши деҳот комёбиҳо таманно намуд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр