Нашрияи Омӯзгор

Ҳамоиши кӯдакони маъюб

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи кӯдакон» дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Кӯлоб дар бинои муассисаи таълимии №51-и  шаҳри Кӯлоб ҳамоиши кӯдакони маъюб таҳти унвони «Сафарбаркунии ҷомеа барои фарогирии иҷтимоии кӯдакони маъюб» баргузор гардид.Чорабиниро роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи кӯдакон» Латофат Исмоилова оғоз намуда, гуфт: - Мақсад аз гузаронидани  аксияи мазкур бедор намудани ҳисси раҳму шафқат, дӯстию рафоқат дар байни кӯдакони солиму кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошад. Сипас, Шарифгул Холиқова, раиси Ассотсиатсияи кумитаҳои волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Кӯлоб  аз ғамхориҳои ҳамарӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кӯдакону наврасони кишвар ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  820 нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд зиндагонӣ мекунанд, ки 120 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва 100 нафарашон дар марказҳои тавонбахшӣ ва будубоши кӯдакони маъюби шаҳр таълиму тарбия мегиранд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш