Нашрияи Омӯзгор

Риояи қонунгузории андоз зарур аст

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амалишавии Кодекси андози кишвар, ҳамоҳангсозии мақомоти молия, андоз ва дигар сохторҳои иқтисодии кишвар талошҳои шоиста менамояд.

Ташкили мизи мудаввар таҳти унвони “Мониторинги горизонталӣ” бо андозсупорандагон ва маросими қадрдонии онҳо аз зумраи чунин тадбирҳои созанда маҳсуб меёбад.

Дар мизи гирд, ки  вобаста ба  роҳҳои  рушди муносибатҳои шариконаи мақомоти андоз бо андозсупорандагон доир гардид,  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода иштирок намуд. Дар доираи маросими дипломсупорӣ ба ДДҲБСТ, бо назардошти нишондиҳандаҳо барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз ва саҳми назаррас дар рушди иқтисодиёт ва қисми даромади буҷети давлатӣ Ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

 

Б.ҲАКИМОВА,       

устоди ДДҲБСТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш