Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдати мо аз забони модарист

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

Яке аз муҳимтарин омилҳои муқаррарсозу таъмингари бақои миллат ва ҳастии бардавому безаволи он забони модарӣ мебошад. Забон миллатро муаррифӣ мекунад ва ба рушди моддию маънавии он мусоидат менамояд. Ба шарофати забони модарӣ халқҳо муоширати байниҳамдигариро таҳким бахшида, бо ҳам наз-диктару  муттаҳидтар мешаванд.

Аз ин ҷост, ки дар ҳама гуна давлати  тамаддунпарвар ба ҳифзу рушди забони миллат эътибори  махсус ва ҳамешагӣ зоҳир мегардад. Дар Тоҷикистони маҳбуби  мо ҳанӯз дар соли  1989 ба забони  тоҷикӣ  мақоми  давлатӣ  дода бошанд ҳам, маҳз истиқлоли  давлатӣ  ба воқеан ҳам  соҳибмақом  ва тавоно шудани  ин забон мусоидат  кард. Дар давраи  барои  халқи тоҷик басо душвору пурихтилофи  солҳои  90-уми  садаи  гузашта дар қатори омилҳои  дигар забони  давлатӣ барои  ба ҳам омадану муттаҳид гардидани  «ҷамъи парешонгашта» (ибораи устод Лоиқ) мусоидат кард. Вақте ки аз ду тарафи  ба ҳам муқобил як забон-забони модарӣ садо медиҳад, дилҳо ба таҳрик меоянду ҳисси эҳтирому рафоқат боло мегирад. Чунин рисолатро, хушбахтона, забони  тоҷикӣ  дар тӯли  асрҳову ҳазорсолаҳо доштааст. Ба ин маънӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (4 октябри соли 2019)  чунин ишора карданд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки  забони тоҷикӣ  дар тӯли  таърихи  чандинҳазорсолаи  халқамон  омили  муҳимтарини  муттаҳидкунандаи миллат буд. Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби  модарии мо ин  рисолати  таърихӣ ва нақши  тақдирсози худро дар замони  соҳибистиқлоливу  соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст». Дар ҳақиқат, дар даврони  соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ  ба марҳилаи навини  рушду такомули  худ ворид  гашт, таваҷҷуҳ ба он афзуд, эҳтирому эътибораш дучанд шуд ва чунонки Сарвари  кишвар зикр карданд, «маҳз Истиқлоли  давлатӣ барои  дурахши дигарбораи  яке аз муқаддасоти  миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду  такомули  он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд». Воқеияти қариб ду даҳаи  тантанаи  истиқлол таъкид кард, ки  Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», соли 1989 ба тасвиб расида буд, такмилталаб гардидааст ва бисёр нуктаҳои  он  таҷдиди  назар мехоҳанд. Вобаста ба ин, соли 2009 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири  нав қабул гардид ва он ба боз ҳам  устувортар  шудани мақому мартабаи  забонамон дар воқеияти  ҳаёти  мамлакат мусоидат кард. Ин қонун яке аз қонунҳои  муҳимтарин дар давлатдории  тоҷикон аст ва он ҳар қадар мукаммалтару асосмандтару  фарогиртар  бошад, ҳамон қадар мусоидатгар  ба такомули  нақши давлатиаш хоҳад буд. Аз ҳамин сабаб Пешвои миллат дастур доданд, ки  дар ояндаи  наздиктарин Қонуни забон боз ҳам такмил бахшида шавад. ҳамчунин, Президенти ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо ҳадафи  бештар устувор намудани  пояҳои  забони  давлатӣ аз ҷониби Кумитаи  забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи  илмҳо, Вазорати маориф ва илм «Барномаи  рушди забони  давлатӣ барои  солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии  ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Дар идомаи  ин, мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳҳо, ки яке аз  масъалаҳои  муҳим дар роҳи  рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори  ҷиддӣ диҳем.

Суханронии навбатии Президенти ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи забони  давлатӣ  бори  дигар собит  сохт, ки Сарвари муҳтарами кишварамон нисбат ба забони  давлатӣ, ки рукни асосии давлати миллӣ ва омили  пешрафту ваҳдати он мебошад, ғамхории ҳамешагӣ доранд ва аҳли  мамлакатро ба эҳтироми  муҳимтарин омили ҳастии  миллат ва таъмингари  ҳастии мо – забони тоҷикӣ  даъват менамоянд.

 

Дилором САЪДУЛЛОЕВА,

директори мактаби №20-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш