Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба рушди муассисаҳои томактабӣ

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

Ҳафтаи гузашта дар меҳмонхонаи «Хилтон» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ дар масъалаи таҳия ва коркарди лоиҳаи «Стратегияи рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки бо дастгирию мусоидати шарикони байналмилалӣ аз созмонҳои Юнисеф, Юсаид ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, баргузор шуд.

Ҳамоишро, ки дар он намояндагони дастгоҳи Вазорати маориф ва илм, зерсохторҳои он, аъзои гурӯҳҳои корӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва мушовирони миллӣ, ки дар коркарду омода намудани лоиҳаи нусхаи аввали  стратегияи мазкур иштирок намудаанд, муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев ифтитоҳ намуда, перомуни  мазмуну мундариҷаи лоиҳаи мазкур, татбиқи амалии нишондодҳои он, мақсаду вазифаҳо, дурнамои ин ҳуҷҷати  муҳим барои тамоми  зинаҳои таҳсилот, ҳамзамон, рушду такомули муассисаҳои таҳсилоти касбӣ-техникӣ,  макотиби олӣ ва пешрафту тағйирот  дар соҳаи илм маълумоти мухтасар баён намуд. Ҳамчунин, намояндагони созмонҳои Юнисеф ва Иттиҳоди Аврупо дар  суханронии худ таҳияву коркарди як чунин лоиҳаро дар муҳокимаю баррасӣ ҷиҳати мусоидат ба пешрафту дигаргуниҳои азим дар соҳаҳои илм ва маорифи кишвар муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Сипас, мушовири миллии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ибодулло Сафаров дар хусуси муҳтавои лоиҳа ибрози  назар намуда, қайд кард, ки коркарду таҳияи лоиҳаи зикршуда бо фармони вазири маориф ва илми кишвар аз моҳи июни соли 2019 шурӯъ гардидааст. Дар раванди таҳияи лоиҳа 5 гурӯҳи корӣ дар 4 самт, ки ҳадафи ниҳоии он баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, фаъолият намуданд. Сохтори лоиҳа аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти фарогир дар соҳаи маориф ва вазифаҳои калидии амалишавии стратегияи рушди маориф иборат мебошад. Ҳамзамон, дар коркарди лоиҳа омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ, меъёрҳои ҳуқуқии соҳа, маблағгузорӣ ва масоили дигар ба инобат гирифта шуданд.  Дар самти мусоидат ба рушду пешрафти муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон  се гурӯҳи корӣ фаъолият намуданд, ки омилҳои калидии ҳаллу баррасии проблемаю мушкилоти  ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдаконро натиҷагирӣ кардаанд. Ҳамоҳангсози лоиҳа Санавбар Хоҷаева доир ба муаррифии лоиҳа дар самти муассисаҳои  томактабӣ муфассал сухан ронда, аз ҷумла, зикр намуд, ки на танҳо ҷалби  тарбиятгирандагон ба муассисаҳои томактабии давлатӣ ба таври фарогир ба роҳ монда шавад, балки дар масъалаи таъсиси кӯдакистонҳои алтернативӣ ба таври ҷиддӣ бояд чораҳои зарурӣ ва таъхирнопазир андешида шавад. Мавсуф қайд намуд, ки дар ин хусус барномаи махсуси давлатӣ қабул шудааст. Вале норасоию камбудиҳо, аз қабили заиф будани  базаи моддию техники муассисаҳои томактабӣ, нарасидани мутахассисони ҳирфаӣ, адами шароиту имконоти зарурии замонавӣ, вазъи нохуби санитарию гигиенӣ, дастрасӣ ба оби тоза, системаи созгори барқӣ - коммуникативӣ ва амсоли ин аз мушкилотест, ки ҳалли мусбати онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Имрӯз вазъи бунёди кӯдакистонҳо дар ҷумҳурӣ, хусусан, дар музофоти дурдаст ва  мавриди истифода қарор додани бинои муассисаҳои томактабие, ки  ба ихтиёри шахсони алоҳида вогузор шудаву бо мақсадҳои дигар кор фармуда мешаванд, бояд дар мадди назар бошад. Санавбар Хоҷаева дар идома дар боби консепсияи маълумоти инклюзивӣ дар муассисаҳои томактабӣ таъмини маводи ғизоӣ (хӯрокворӣ)  дар кӯдакистонҳо ҳарф зад. Айни ҳол, изҳор дошт номбурда, барои ғизои истеъмолии як тарбиятгиранда тақрибан панҷ сомонӣ  сарф мегардад. Ҳол он ки тибқи меъёрҳои мавҷуда бояд ба ҳар як кӯдак барои истеъмоли маводи ғизоӣ 12-14 сомонӣ  масраф гардад.  Таъсиси муассисаҳои алтернативии томактабӣ ба рушди зеҳнии кӯдакони соҳиблаёқат мусоидат мекунанд. Мутаассифона, норасоии мутахассисон, омӯзгорони варзида, сурдопедагогҳо ва ғайра ба пешрафт ва ноил гардидан ба  дастовардҳои назаррас монеа эҷод мекунанд. Дар лоиҳаи «Стратегияи  рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2031» пешниҳод шудааст, ки ба ин сабаб бояд барномаю  стандартҳои нави таълимӣ барои таҳсилоти томактабӣ қабул карда шаванд. С.Хоҷаева атрофи мушкилоти  мавҷуда андешаҳояшро иброз намуда, афзуд, ки дар муассисаҳои томактабӣ 142 938 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҷалби кӯдакони аз 1-6-сола 10,4 фоиз ва 3-6-сола 14,7 фоизро  ташкил медиҳад. Мушкили асосӣ дар он аст, ки дар ҷумҳурӣ мутахассисон доир ба таълиму тарбияи  кӯдакони имконияташон маҳдуд ангуштшуморанд.

Дар хусуси роҳҳои татбиқи лоиҳа ва ислоҳот дар зинаи томактабӣ  сухан ронда, С.Хоҷаева иброз дошт, ки коркард ва роҳандозии базаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, кӯдакистонҳои алтернативӣ, таҳияи барномаҳои марбут ба вазифаҳои  аслии кормандони муассисаҳои томактабӣ, омода намудани асноди  ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар бахши асноди меъёрию  ҳуқуқӣ, такмил бахшидани системаи иттилоотии идоракунии муассисаҳои зикршуда, масъалаи маблағгузорӣ ва ғайраи дигар асосӣ ва аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд. Дар боби «Муҳокима ва муаррифии Назарияи ислоҳот» мушовири миллии лоиҳа Абдуҷаббор Алиев ба таври муфассал сухан ронда, дар хусуси масоили назариявии стратегияи ислоҳот дар соҳаи маориф иттилоъ дод.

Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ дар суханронии худ хотирнишон намуд, ки баҳри таҳияи лоиҳа мо 13 намуди муассисаҳои томактабии алтернативиро омӯхтему таҳлил намудем. Имрӯз мебояд дар бораи паҳлуҳои камхарҷи муассисаҳои томактабӣ андеша кард. Дар ҷумҳурӣ айни ҳол 1800 маркази инкишофи кӯдак мавҷуд аст. Зиёда аз 7200 нафар хонанда, ки дорои имконияти маҳдуд мебошанд, дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд ва онҳо шароитҳои аввалиндараҷа таъмин шуда истодаанд. Дар назар аст, ки то соли 2030 ҷалби тарбиятгирандагон ба муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 30 фоиз расонда шавад.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш