Нашрияи Омӯзгор

Соҳибкории хусусиро дар самти маориф ривоҷ диҳем

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар мавзӯи «Заминаҳо ва имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» бо  иштироки намояндагони як қатор вазорату  идораҳои дахлдор, устодони мактабҳои  олии кишвар, мутахассисони соҳаи иқтисодӣ ва донишҷӯёни ДСХ мизи мудаввар барпо гардид.

Дар он мушовири иқтисодии котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдурауф Ҷӯраев дар мавзӯи «Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ва саҳми он дар рушди соҳибкорӣ» изҳори андеша кард. Қайд гардид, ки давлат ҳамеша ба таҳкими бахши хусусӣ, аз ҷумла,  дар соҳаи маориф сол ба сол аҳамияти ҷиддӣ дода, соҳибкорони ватаниро барои ҳамкорӣ даъват менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки сол то сол раванди ҳамкорӣ тавсеа ёфта, дар ин самт корҳои зиёду назаррасе   ба анҷом расонида мешавад. Бо мақсади ривоҷ додани ҳамкориҳои тарафайн дар ин самт ҳукумат ба содагардонии ислоҳоти андоз ва андозбандӣ шурӯъ намуда,  бандҳои 7 – 10, 16 – 19 –и Кодекси андозро чун бандҳои алоҳида қабул намуданд. Вай афзуд, ки соли 2013 Кодекси нави андоз ба тасвиб расида бошад ҳам, ҳоло ҳам барои соҳибкорон баъзе  мушкилиҳо  пеш меояд. Бинобар ин, Президенти кишвар супориш доданд, ки он аз нав таҷдид ва ба соҳибкорон имкониятҳои васеъ дода шавад, то онҳо дар таҳкими муносибатҳои иқтисодии кишвар саҳмгузор бошанд. 

Сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффаров оид ба самтҳои асосии соҳибкорӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон суханронӣ кард ва аз ҷумла, иброз дошт, ки тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф ва бо ин восита ташкили рақобати солим ва дарёфти манбаъҳои нави маблағгузории  хизматрасонии таълимӣ самти ояндадори  соҳа маънидод мегардад.

Соҳибкорӣ дар соҳаи маориф дар ду самт метавонад рушд намояд: 1. Аз ҷониби соҳибкорон таъсис додани муассисаҳои таълимии хусусӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот; 2. Ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ, воситаҳои таълим, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти хониш.

Воқеан ҳам, вобаста ба дастгирии соҳибкороне, ки мехоҳанд муассисаҳои таълимӣ таъсис диҳанд ва дар соҳаи маориф фаъолият намоянд, бо Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020»  қабул гардидааст. Мувофиқи ин барнома дар назар дошта шудааст, ки то соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ 1037 муассисаи томактабӣ ва 534 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ таъсис дода мешавад. Ҷиҳати дастгирии соҳибкороне, ки муассисаҳои таълимии хусусӣ таъсис медиҳанд, тибқи ин барнома аз ҷониби давлат як қатор сабукиҳо ва тадбирҳои ҳавасмандкунӣ роҳандозӣ мешавад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар панҷ  соли охир 76 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин масъала шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд  пешсафанд. Дар ҳоли ҳозир бошад,   дар ҷумҳуӣ 93 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият дорад, ки   нисбат ба соли 2014 қариб панҷоҳ фоиз зиёд мебошад.

 Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи барнома 11 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, панҷто дар шаҳри Душанбе, дар шаҳри  Бӯстон -3, Исфара ва Бохтар яктогӣ ва дар ноҳияи Спитамен ду муассиса таъсис дода шудаасту халос. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 61 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ амал мекунад, ки нисбат ба соли 2015 қариб 20 дар сад зиёд мебошад.

Зимни таҳлилҳо Б. Музаффаров таъкид кард, самти дигаре, ки метавонад соҳибкорӣ тавассути  он рушд намояд, истеҳсоли либоси мактабӣ, воситаҳои таълим, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти хониш мебошад. Бо назардошти ҳамасола зиёд шудани шумораи хонандагон талабот ба либоси мактабӣ меафзояд. Агар дар соли таҳсили 2018 – 2019 ба ҳисоби миёна як миллион либоси мактабӣ дар дохили  кишвар  истеҳсол шуда, ба фурӯш равад, арзиши он ба ҳисоби миёна ба 200 миллион сомонӣ мерасад. Ин маблағ пурра дар дохили кишвар гардиш намуда, метавонад дар рушди иқтисоди миллӣ нақши созгор дошта бошад.

Директори генералии Муассисаи таълимии  «Литсейи Раҳнамо» Илҳомиддин Ҳакимниё оид ба масъалаи рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ дар ҷумҳурӣ андешаронӣ карда, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, баъзе аз соҳибкорони ватанӣ бештар фоидаи худро фикр карда, сохтмони муассисаҳои таълимиро воситаи даромади хусусӣ медонанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳарчи зудтар соҳиби сармоя шаванд. Ҳол он ки яку якбора фоида гирифтан ғайриимкон аст. Зарур аст, ки дар самти ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ  бо додани имтиёзҳо ва дигар намуди ҳавасмандгардониҳо фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо хеле ҷиддӣ бошад.

Дар қисми музокираҳо  ва  оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ – асоси рушди устувори иқтисоди миллӣ, алоқамандии баҳисобгирии муҳосибӣ ва баҳисобгирии андоз дар шароити муосир устоди калони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Кӯҳзод Шодиев, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити ДСХ Баҳодур Каримов ва муовини ректори ДСХ оид ба илм ва инноватсия Исломбек Хоркашев  изҳори ақида намуданд.      

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш