Нашрияи Омӯзгор

Шаҳри Бохтар: марҳилаҳои пешрафт

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

Дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар бо мудири он Қурбонбӣ Забирзода суҳбат анҷом дода, аз дастоварду муваффақиятҳои аҳли маориф, ҳайати устодону омӯзгорон  ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар масоили мавҷуда воқиф гардидем ва ба хулосае омадем, ки фаъолияти кормандони шуъба назаррас ва боровар мебошад. Бояд хотирнишон намуд, ки Қурбонбӣ Забирзода собиқаи 24-солаи омӯзгорӣ дошта, 5 сол ба сифати директори мактаб кор кардаву инак, ду сол мешавад, ки ҳамчун мудири шуъба фаъолият менамояд.

-Ҷиҳати иҷрои талаботи барномаҳои давлатии соҳа, консепсияву қарорҳо ва стратегияҳо пайваста корҳои амалӣ бурда мешавад ва дар самти татбиқи ин асноди меъёрию ҳуқуқӣ ба натиҷаҳои  хурсандибахш ноил гардидем,-гуфт Қ.Забирзода ва афзуд, ки сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон сол ба  сол беҳтар шуда, аз заҳмату талошҳои устодону омӯзгорон шаҳодат медиҳад. Ба иттилои мудир, соли гузашта аз 1704 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳр 1207 нафар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макотиби олӣ ва муассисаҳои миёнаи касбии ҷумҳурӣ, 100 нафар ба коллеҷҳои хусусӣ ва 106 нафар ба донишкадаю донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуданд, ки ин 84 фоизро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ бошад, аз 1509  нафар хатмкунанда 1404 нафар тариқи низоми тестӣ ба макотиби олӣ ва коллеҷҳо ҳуҷҷат супориданд, ки ин  92 фоизро дар бар мегирад. Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷавобгӯи рӯз буда, дар ин боб кори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф назаррас ва лоиқи таҳсин мебошад.

Шогирдони мактабҳои ҳудуди шаҳр дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, даставӣ ва наврасон ширкат намуда, 15 нафар сазовори ҷойҳои намоён ва соҳиби 1 медали тилло, 6 нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин, 5 нафар хонандаи Муассисаи таълимии хусусии гимназия барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар ба номи Аминҷон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир ба арифметикаи зеҳнӣ дар байни 500 нафар довталаб соҳиби 3 медали тилло, 1 нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар олимпиадаи  байнал-милалӣ, хонандагони муас-сисаҳои  таълимии рақамҳои 5, 15, литсейи давлатии №1, литсейи хонандагони болаёқат ба гирифтани 4 медали нуқра ва 9 биринҷӣ сазовор шуданд. Дар маҷмӯъ, соли равон хонандагони муассисаҳои  таълимии шаҳр сазовори 38 медал, аз ҷумла. 5 медали тилло, 10 нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардиданд.

-Аз рӯйи натиҷаҳои ба дас-товардаи хонандагон дар олимпиадаҳои гуногун (38 медал) дар вилоят дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ мо дар ҷойи дуюм меистем, - иброз дошт Қ.Забирзода ва таъйид намуд, ки раванди иҷрои барномаҳои давлатӣ пайваста дар зери назорати раҳбарияти шуъбаи маориф қарор дорад. Феълан, дар масъалаи амалишавии Барномаи давлатии муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳо барои солҳои 2019-2021» дар муассисаҳои таълимии №6, ду кабинети лингофонӣ, №9 кабинети технологияи иттилоотӣ ва литсейи давлатии «Ориёно» кабинет - озмоишгоҳи химия ташкил карда шудааст. Дар умум, иҷрои барномаи мазкур 42 фоизро ташкил медиҳад. Ба иттилои мудир, соли равон дар  ҳошияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки бо дастури Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба роҳ монда шудааст, дар байни муассисаҳои таълимӣ сабқати хонандагон доир гардид, ки  дар он 11 нафар  толибилм ғолибият ба даст оварда, бо сипоснома ва мукофотҳои хотирмони ҳукумати шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

-Мо баҳри беҳтару самаранок гардидани машғулиятҳо аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ, иҷрои «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶТ барои солҳои 2015-2020» корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаем,- изҳор дошт Қ.Забирзода. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия 86 нафар омӯзгори забони русӣ ва 92 нафар омӯзгор аз фанни забони англисӣ бо маълумоти олӣ ба шогирдон сабақ меомӯзонанд. Тайи ду соли охир 69 омӯзгори фанҳои  забонҳои русӣ ва англисӣ аз курсҳои  такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд. Аз ҳисоби хатмкардагони мактабҳои шаҳр тибқи низоми тестӣ 6 нафар ба факултаи забони русӣ ва 5 нафар факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, таҳсилро бомуваффақият идома дода истодаанд. Дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ низ чораю тадбирҳои зарурӣ ва амалӣ андешида мешавад. Ба тасдиқи мудир, то ин дам дар ҳудуди шаҳр 2 муассисаи таълимии томактабӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, 2 бинои таълимии иловагӣ дар назди мактаби №2 ва литсейи «Ориёно» сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи нақша дар назар аст, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави 6 муассисаи таълимӣ ва 6 муассисаи томактабӣ бунёд ва ба истифода дода хоҳанд шуд. Айни ҳол сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар як баст, воқеъ дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзода аз тарафи Ҷумҳурии Халқии Чин ва муассисаи дигари таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст аз ҷониби Федератсияи  Россия оғоз гардидааст.

-Муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ба зимистони дар пешистода пурра омода буда, аллакай 257 тонна ангишт, 252 метри кубӣ ҳезум захира карда шудаву 601 печи барқӣ, 555 бухории алобӣ тайёру омода ва 600 литр сӯзишвории дизелӣ харид карда шудааст,-мегӯяд мудир. Таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ низ бо маром ҷараён ёфта, тибқи нақша шуъбаи маориф барои дӯхтану тайёр гардидани 12497 ҷуфт либос бо корхонаи дӯзандагии шаҳри Бохтар (4700 ҷуфт), ҶДММ  «Ресанда»-и шаҳр (2350 ҷуфт), Маркази ҳунаромӯзӣ (4300 ҷуфт) ва соҳибкори инфиродӣ Холиса Куганова (3100 ҷуфт) шартнома ба тасвиб расондааст.

Ба иттилои мудир, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла, ташкилу гузаронидани озмунҳои гуногун хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ низ ҳиссаи босазо мегузоранд. Соли ҷорӣ бо қувваи мактабиён дар  қитъаҳои вобас-ташуда 10 ҳазор бех гули лола. 4 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва 7 ҳазор гули садбарг шинонда шудааст. Ҳамчунин, дар давоми сол чорабиниҳои зиёде, аз қабили озмунҳои «Ватанпарвар», «Чакомаи гесӯ», «Чароғаки роҳнамо» ва дар муассисаи   таълимии рақами 9 бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни вилоятӣ гузаронида шуданд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

Ҳотами Ҳомид,

 «Омӯзгор»

Душанбе-Бохтар-Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш