Нашрияи Омӯзгор

Мирзоназар Азимов - ғолиби озмун

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

Тақрибан 20 сол мешавад, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ 620 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғдро бо маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, намак ва нахӯд таъмин менамояд. Дар маҷмӯъ, ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ғизои маводи аввалияи 161 ҳазор хонандаи синфҳои ибтидоии 15 шаҳру навоҳии вилоят-ро саривақт  дастрас мегардонад. Ҳамзамон, дар доираи ин барнома дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати вилоят сохтмони ошхонаҳои замонавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили минтақаҳои таҷрибавӣ - истеҳсолӣ дар назди мактабҳо муташаккилона идома доранд.

 Ба ҷуз ин иқдомҳои башардӯстона, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ҳамасола ба хотири таҳкими дӯстиву рафоқат байни наврасон, дар рӯҳияи худшиносӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ озмуни “Расми беҳтарин”- ро роҳандозӣ кардааст.

Соли равон аз миёни хонандагони беш аз 200 давлати ҷаҳон ғолибият насиби хонандаи синфи 2 -и муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии рақами 17-и ноҳияи Спитамен Мирзоназар Азимов гардид. Номбурда барои ин дастоварди нотакрораш ҳафтаи гузашта дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, ширкат варзида, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид.

Ҷиҳати қадршиносии Мирзоназар Азимов роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар вилояти Суғд Шарофат Набиева, кормандони Барнома Шуҳратҷон Обидҷонов ва Миҷгона Раҷабова ба ноҳияи Спитамен омада,  дар вазъияти тантанавӣ ба Мирзоназар Азимов туҳфаи пулиро дар ҳаҷми 100 доллари амрикоӣ супурда, инчунин, ба муассиса ба маблағи 200 доллари амрикоӣ лавозими расмкашӣ ҳадя намуданд.

Зимни мулоқот Шарофат  Набиева қайд намуд, ки бори нахуст дар миқёси олам ҳунари волои расмкашии як кӯдаки навраси тоҷик сазовор қадршиносӣ шуд ва ин ифтихори тамоми тоҷикистониён аст. Боварии комил дорам, ки дар пайравӣ аз ин дастоварди беназир дигар хонандагони кишвар низ шарафи давлати моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш