Нашрияи Омӯзгор

Коргоҳи дӯзандагӣ дар мактаб

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

Дар муассисаи таълимии №59-и деҳаи Шоҳони Ҷамоати деҳоти Даштиҷум дар ҳамкорӣ бо ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занҳои деҳот ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ сехи дӯзандагӣ ташкил карда шуд, ки он имрӯзҳо барои толибаҳои муассисаҳои таълимӣ либоси мактабӣ дӯхта истодаанд. Роҳбарии коргоҳро яке аз занҳои кордону фаъол, муаллимаи мактаби номбурда Меҳрӣ Мирова ба уҳда дорад. Ӯ дар суҳбат ба мо гуфт, ки қимати дӯхти либоси мактабӣ нисбат ба нархи фӯрушгоҳҳои ноҳияи Ш. Шоҳин арзон буда, 60-65 сомониро ташкил медиҳад. Аз тарафи дигар, ташвиши падару модаронро аз дарёфти либоси мактабӣ барои фарзандонашон озод мекунад. Соли ҷорӣ мо ба муассисаҳои таълимии №№59,20,12 ва 14 барои дӯхти 500 ҷуфт либоси мактабӣ шартномаи ҳамкорӣ бастем. Тавре ки директори муассиса Набӣ Сатторов иброз дошт, сехи дӯзандагӣ натанҳо ба соҳибкасб шудани бонувони деҳа мусоидат намуд, балки имкон дод, ки 12 нафар зану духтар бо ҷои кор ва музди меҳнати хуб таъмин гарданд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш