Нашрияи Омӯзгор

Забт кун таърихро, поянда шав!

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

Мавлоно Абулкаломи Озод “Куруши Кабир-Зулқарнайн” (дар таҳия ва баргардони Раҳмоналӣ Мирализода). -Душанбе, “Адиб”, 2019, 204 саҳ.

Таҳқиқу омӯзиши таърихи бостон боиси ташаккули шахсияти инсон ва тараққии ҳувияту фарҳанги он дар масири даврон хоҳад шуд. Камоли шахсият бидуни шинохти ҳувияту таърихи ташаккули миллият ғайриимкон аст. Таърих на танҳо ойинаи қаднамои гузаштаи миллатҳост, балки раҳнамову сабақомӯзи наслҳои оянда дар масири ҳаракати онҳо барои расидан ба саодат низ мебошад.

Ба қавли аллома Иқбол:

Забт кун таърихро, поянда шав,

Аз нафасҳои рамида зинда шав!

Таҳияву нашри “Куруши Кабир-Зулқарнайн” - рисолаи арзишманди ҳакиму донишманд Мавлоно Абулкаломи Озод дар остонаи 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, тавассути Раҳмоналӣ Мирализода ва пешгуфтори доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар ҳамин росто сурат гирифта, ба тақвияти рӯҳи худшиносии миллии насли ҷавон мусоидат хоҳад кард.

Ҳадсу гумонҳо дар бораи шахсияти Зулқарнайн дар миёни муҳаққиқону таърихнигорон гуногун буда, ҳар кадом аз зовияи хос  ба ин қазия назар афкандаанд. Аммо то кунун ҳеч пажӯҳишгаре перомуни масъалаи мазкур дар ҳадди Абулкаломи Озод ба мавзӯъ наздик нашудааст. Иллати ин амр аз он ҷо маншаъ мегирад, ки аксари муҳаққиқон бо иттико ба манбаъҳои ғайримуътамад, дар пайи гушойиши ҳақиқати таърих будаанд, дар ҳоле ки Абулкаломи Озод бо такя бар манобеъ ва ояҳои Қуръонӣ, шахсияти Зулқарнайнро дар қиёс бо шахсиятҳои таърихӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, ба натиҷаи ҳақиқӣ даст ёфтааст. Тамоми муҳаққиқон дар атрофи шахсиятҳое, ки номи онҳо дар Қуръони карим зикр шудааст иттифоқи назар доранд, ба ҷуз шахсияти Зулқарнайн. Бинобар ин, ошкор кардани шахсияти Зулқарнайни мавриди назари Қуръон дар миёни шахсиятҳои таърихӣ бидуни кумак гирифтан аз каломи раббонӣ кори сахту ғайримумкин ба шумор меравад, чаро ки ҳар қавму миллате муддаӣ аст, ки Зулқарнайни мавсуфи Қуръон фалон шахсияти миллии онҳо аст ва барои исботи иддаои худ ба далоили сохтаву бофтаи таърихӣ такя мекунанд. Аммо Мавлоно Абулкаломи Озод, ки парвардаи ҳавзаи фарҳангии Ҳинд аст, бидуни ҳеҷ гуна таассуб ё ҳусни таваҷҷуҳи бархоста аз ҳисси нажодпарастӣ ва маҳалгароӣ ба ин мавзӯъ аз зовияи наву муътамад назар афканда, барои исботи шахсияти Зулқарнайн ба ояҳои Қуръонӣ, аҳодис ва омӯзаҳои “Таврот” такя кардааст. Ин равиш кори муҳаққиқро барои ошкор кардани шахсияти ҳақиқӣ ва таърихии Зулқарнайн осон намуда, заминаро барои шинохти шахсияти Зулқарнайни мавриди назари Қуръон фароҳам сохтааст. Аз ин манзар, Абулкаломи Озод бар асоси мавҳумот дунболи таърихсозӣ нест, балки бар асоси талаботи ояҳои осмонӣ, ҳақиқати таърихиро мехоҳад исбот намояд. Аз ин рӯ, ӯ тамоми шахсиятҳои таърихии муддаии касби мақоми Зулқарнайнро бо милоку меъёрҳои ояҳои каломи раббонӣ санҷидаву муқоиса намуда, ба хулосае мерасад, ки Зулқарнайни манзури Қуръони карим, Куруши Кабир – бунёдгузори императории бузурги Ҳахоманишӣ будааст, зеро аз миёни ҳамаи муддаиён танҳо рӯзгору аҳвол, маниши зиндагӣ ва равиши давлатдории Куруш бо Зулқарнайн мутобиқати тамом дорад. Аммо, мутаассифона, бар асари ғафлати мо ва ҷабри таърих иддае Искандари мутаҷовиз, бархе Отилои золим ва гурӯҳи дигаре Чингизи хунхорро ба унвони Зулқарнайн муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле  шеваи зиндагӣ, равиши ҳукуматдорӣ ва маниши ахлоқии ин муддаиён ба ҳеч ваҷҳ бо Зулқарнайни мавриди назари Қуръон созгорӣ надорад.

Дар Қуръони маҷид, ояҳои 83 то 99-и сураи Каҳф Зулқарнайн ба унвони фарде яктопараст, солеҳ, додгару инсондӯст ва яке аз бандагони шоиста ва баргузидаи Худо зикр шудааст.

Дар ҳақиқат, Куруш подшоҳи демократ, инсондӯст, одил ва диндори воқеӣ буд ва Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башари ӯ гувоҳи гуфтаҳои мост ва аз ин рӯст, ки имрӯз садҳо китобу мақола дар хусусиёт ва сифоти ӯ навишта шудааст. Куруш муътақид ба озодии дину мазҳабу андеша буд ва Сомониён ҳам пайрави андешаҳои ӯ буданд ва аз ин рӯст, ки дар давраи Оли Сомон мазҳабҳои мухталифи зардуштӣ, маздакӣ, монавӣ, яҳудӣ, масеҳӣ, буддоӣ, бараҳманӣ ва ғайра, ҳар як озодии комили динию ақидатӣ доштанд ва дар корҳои давлатӣ ва сиёсат ҳам дахолате намекарданд.

Дар миёни андешамандони муосир, ду тан, аз ҷумла аллома Таботабоӣ - соҳиби “Тафсиру-л-мизон” ва профессор Абулкаломи Озод бо далелҳои маҳкам ба исбот расонидаанд, ки Зулқарнайн ҳамон Куруши Кабир, шоҳаншоҳи императории бузурги Ҳахоманишӣ дар Эрон будааст. Аллома Таботабоӣ дар “Тафсиру-л-мизон”  дар ин робита мегӯяд: “Агар Зулқарнайни Қуръон, марде муъмин ба Худо ва ба дини тавҳид буда, Куруш низ инчунин буда ва агар Зулқарнайн подшоҳе одилу раъиятпарвар буда, Куруш низ чунин буд; агар ӯ нисбат ба ситамгарону душманон марде сиёсатмадор буда, ӯ низ буд; агар дин, ақл, фазоили ахлоқӣ ва сарвату шавкат дошт, Куруш ҳам дошт; ҳамон гуна, ки Қуръон фармуда Куруш низ сафаре ба сӯи Мағриб кард, бар Лидӣ ва перомуни он мусаллат шуд ва бори дигар ба сӯи Машриқ сафар кард. Он ҷо мардуме дид саҳронишин ва ваҳшӣ, ки дар биёбон зиндагӣ мекарданд. Барои ҳамин ба онҳо кумак кард. Садде сохт дар муқобили қабила ва қавме, ки онҳоро озор медоданд; дар тангаи Дориёл миёни кӯҳҳои Қафқоз ва наздик ба шаҳри Тифлис”.

Гузашта аз ин, яктопарастӣ, некукирдорӣ, рафъату инсондӯстӣ аз сифоти гуфташудаи Зулқарнайн дар китоби осмонии мусалмонон аст. Бинобар фармудаи Қуръони маҷид, Зулқарнайн подшоҳе додгар буд ва нисбат ба раият утуфат дошт ва ҳангоми кишваркушоӣ ва ғалаба, қатлу кинаварзиро иҷоза намедод. Аз ин рӯ, ҳангоме ки бар қавме дар ғарб чира шуд, пиндоштанд ӯ ҳам монанди дигар кишваркушоён хунрезӣ оғоз хоҳад кард. Вале ӯ ба ин кор даст назад, балки ба онҳо гуфт: “ҳеч гуна биме покони шумо дар дил роҳ надиҳанд ва ҳар як аз шумо, ки амали неку кунад, подоши онро хоҳад дид”. Бо он ки он қавм бе ёвару додрасе дар панҷаи қудрати ӯ буданд, бо онҳо шафақат кард ва бо додгариву некукорӣ дили онҳоро ба даст овард. Ба ҳамин тартиб, бар пояи далелҳои инкорнопазири таърихӣ, ҳамаи ин вижагиҳо бо Куруши Ҳахоманишӣ мутобиқат дорад.

Далели равшани дигар дар бораи яктопарастӣ, додгарӣ ва башардӯстии Куруши Кабир ҳамоно суханронии таърихии вай дар миёни мардум пас аз фатҳи Бобил аст. Куруш дар ҷамъи мардуми ваҳшатзадаи Бобил гуфт:

Ба номи Эзади ҷону хирад,

Эзади яктое, ки лаҳза ба лаҳза Ӯро бештар дарк мекунам.

Эй мардуми Бобил, мо ҳама бандагони Аҳуромаздо, Худои ягона ҳастем... мо на пирӯзем ва на шикастхӯрда! Мо имрӯз дар саросари ин сарзамини паҳновар ҳамагӣ бо ҳам баробарем... ҳамагӣ озодем... ва ҳамагӣ покем. Мо ҳамагӣ дӯстем. Мо танҳо як душман дорем ва душмани ҳамаи мо Аҳриман аст ва ҷуз ӯ дигар сояе нест. Мо ҳамагӣ нурем... сарбозони Аҳуромаздоем... Мо аз ин лаҳза андеша ва дини ҳар касро муҳтарам хоҳем дошт. Ҳар кас натиҷаи интихоби худро хоҳад дид. Ҳеҷ кас ҳаққи таҷовуз ба ҳуқуқи дигареро надорад. Аз ин лаҳза тамоми бардагон озоданд. Ман тамоми гуноҳкоронро аз ин лаҳза бахшидам.

Вожаи Зулқарнайн дар Қуръони маҷид ба маънои фарде аст, ки ду шох болои сари ӯ қарор дорад. Ҳамон гуна, ки дар тасвири ҳаҷҷоришудаи Куруш дар Посоргод дида мешавад; кулоҳе бо ду шох дар болои сари ӯ ба хубӣ намоён аст.

Яке дигар аз нишонаҳои Зулқарнайн дар Қуръон, лашкаркашии ӯ ба манотиқи шимолӣ ва ҷанг бо қавми Яъҷуҷу Маъҷуҷ будааст ва илова бар ин, бунёди садди Яъҷуҷу Маъҷуҷ, ки дар сохти он аз оҳан истифода шудааст. Ҷолиб ин аст, ки дар Таврот ҳам ба сохтани садде аз ҷинси оҳан ишора шудааст. Бархе муаррихон ба иштибоҳ садди Яъҷуҷу Маъҷуҷро девори Чин пиндоштаанд, дар ҳоле ки дар бунёди ин девор ба ғайр аз гилу хишт аз оҳан истифода нашудааст.

Чунин деворе дар байни кӯҳҳое миёни Владикавказ-пойтахти Ҷумҳурии Осетияи Шимолии Русия ва Тифлис-пойтахти Ҷумҳурии Гурҷистон мавҷуд аст ва шак нест, ки ин девор ҳамон садде аст, ки Куруш сохтааст ва тавсифе, ки Қуръон дар бораи садди Зулқарнайн карда, комилан бо он мутобиқат дорад. Ин минтақа дар Қафқоз то кунун ба гузаргоҳи Дориёл ёд мешавад ва дар манобеи арманӣ ин ноҳия Баҳок Куроӣ ва Кобон Куроӣ, ба маънии гузаргоҳ ё дараи Куруш зикр шудааст.

Ба ҳамин тартиб, аллома Абулкаломи Озод дар ин рисола бо далелҳои муътамад аз китобҳои осмонии Қуръону Таврот, ривоятҳои мавҷуд дар миёни қавми яҳуд ва манобеи таърихии забтшуда тавассути муаррихони юнонӣ ва ақвоми дигар ба ин натиҷа мерасад, ки Зулқарнайн, подшоҳи одил дар Қуръон, касе ҷуз Куруши Кабир-шоҳаншоҳи Эрон ва бунёнгузори аввалин императорӣ дар ҷаҳон нест.

Вижагӣ ва хусусияти хоси китоби “Куруши Кабир-Зулқарнайн” дар он аст, ки рисолаи “Зулқарнайн ё Куруши Кабир” навиштаи аллома Абулкаломи Озод тавассути устод Бостонӣ Поризӣ-нависанда, таърихдон, пажӯҳишгар ва мусиқидони эронӣ тарҷума шудааст. Устод Бостонӣ Поризӣ аз пажӯҳишгарони барҷастаи таърихи Эрони қадим буда, дар ин замина даҳҳо китоб таълифу нашр намудааст. Бинобар ин, Бостонӣ Поризӣ ба иловаи тарҷумаи рисолаи Абулкаломи Озод, ҳамчунин, дар бораи мавзӯи Зулқарнайн назариёт, андешаҳо, пажӯҳиш ва бардоштҳои худро низ пешкаши аҳли назар кардааст. Бидуни шак, назариёти устод Поризӣ барои дарку фаҳми рисолаи Абулкаломи Озод кумак намуда, раҳнамое барои шинохти мавзӯъ маҳсуб мешавад.

Баргардони китоби “Куруши Кабир-Зулқарнайн” тавассути Раҳмоналӣ Мирализода, бо шинохти комили мавзӯъ ва зарурати замон дар Тоҷикистон сурат гирифта, саҳифаи тозае дар таърихшиносии ватанӣ боз хоҳад кард. Мирализода, ки худ бо хатти ниёгон ва забони навиштории кунунӣ дар Эрон ба хубӣ ошнойӣ дорад, матнро бо ҳифзи амонат тарҷума намуда, ҳамчунин, таъбирот, истилоҳот ва калимаҳоеро, ки дар забони кунунии тоҷикӣ роиҷ нестанд, баргардону тавзеҳ дода, хонандаро барои фаҳми мавзӯъ ба дурустӣ раҳнамоӣ кардааст. Далели равшани ин гуфта, охирсуханест, ки таҳиякунандаи китоб барои хонандаи тоҷик пешниҳод кардааст. Таҳиягар дар охирсухан суолоти муҳимеро дар робита ба мавзӯъи Зулқарнайн, Куруши Кабир ва бархӯрди таърихшиносии мо ба мавзӯъи фавқ матраҳ карда, бар зарурати бознигарии раванди пажӯҳиш ва таърихшиносии тоҷик роҷеъ ба ин мавзӯъ таъкид кардааст.

Раҳмоналӣ Мирализода зимни посух додан ба бахше аз суолоти матраҳкардаи хеш дар охирсухан, инчунин, бар асоси ниёз ва тақозои мавзӯи фавқ ду боби нахусти китоби “Киропедия” (Тарбияти Куруш)-и адиб ва муаррихи Юнони бостон Ксенофонт (430-356 пеш аз мелод)-ро низ аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Бо нашри китоби “Зулқарнайн - Куруши Кабир метавон натиҷа гирифт, ки рӯй овардан ба гузаштаҳои бостонӣ ва ниёгони худ ва ҳифзи фарҳангу тамаддуни онҳо барои посдошт ва ҳифзи ҳувияти таърихӣ ва ориёӣ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

 

Беҳрӯз Забеҳулло,

ходими илмии Маркази

мероси хаттии АИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш