Нашрияи Омӯзгор

Ватанро дӯст медорем

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

Тарбияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ дар муассисаҳои томактабӣ низ бояд ҳамеша дар маркази машғулиятҳо бо кӯдакон қарор дошта бошад. Кӯдакон табиатан хушзеҳну зирак ва кунҷкобанд ва ҳукми навниҳолро доранду мураббиён бояд бикӯшанд, ки ин навниҳол росту дуруст парвариш ёбад. Мо, мураббиён, дар кӯдакистон ҳамасола дар мавзӯи «Истиқлол чист?» машғулият баргузор менамоем. Ин гуна машғулият бо ҳадафи дар кӯдакон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ созмон дода мешавад ва ҳамчунин, ба тақвияти ҳисси зебоипарастии (эстетикӣ) кӯдакон мусоидат менамояд, нутқашонро равону шевотар месозад. .

Мураббӣ ба таври хеле фишурда ва ба фаҳми хонандагони гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб мувофиқ дар бораи истиқлол ба кӯдакон нақл мекунад. Мегӯяд, ки истиқлол соҳибихтиёрӣ, соҳиби Ватани азизи худ будан аст. Тоҷикон мамлакати озоду соҳибистиқлоли худро доранд, ки он Тоҷикистон ном гирифтааст. Ҳар яки мо бояд аз ин ифтихор дошшта бошем ва Ватани соҳибистиқлоламонро самимона дӯст дорему ба ободониаш бикӯшем.

Кӯдакон шеърҳои азёдкардаашонро дар ситоиши истиқлол мехонанд:

Дар замини кишвари озодагон,

Роҳи имдод аст Истиқлоли мо.

Фахр аз мероси Сомон мекунем,

Моли аҷдод аст Истиқлоли мо…

Ҳамчунин, шеърҳо дар ситоиши муқаддасоти миллат (суруди миллӣ, парчам, нишон) сароида мешаванд:

Парчами мо дар ҳама дунё баланд,

Ҷилваи он дар баландӣ дилписанд.

Миллати мо дар паноҳи парчамаш

Доимо воломақому арҷманд…

Дар идомаи машғулият хонандагон аз коғазҳои ранга сурати парчамро мебуранд, бо қаламҳои ранга нишони миллиро тасвир месозанд. Яке аз лаҳзаҳои ҷолиби машғулият нақл аз рӯи расми манзараҳои шаҳри Душанбе мебошад…

Машғулиятро мураббӣ ҷамъбаст намуда, ба ҳамагон барои иштироки фаъолонаашон таҳсин мегӯяд.

Фарзона ҒАФФОРОВА,

мураббии ширхоргоҳ-кӯдакистони

№55-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш