Нашрияи Омӯзгор

Лаҳзаҳои дамгирӣ дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

Дар барномаи синфҳои ибтидоии мактабҳои миёнаи умумӣ гуфта мешавад: «Давомноки машғулиятҳо 45 дақиқа муқаррар шудааст. Дар рафти машғулиятҳои забони модарӣ, расм, математика кӯдакон 5 дақиқа танаффус мекунанд». Ин он маъноро дорад, ки дар рафти машғулиятҳои номбурда муаллим баъди 20 дақиқа бо мақсади шавқмандкунӣ ва дамгирии бачаҳо бозиҳои гуногунро ташкил менамояд.

Машқи дамгирӣ - «Пахтачинӣ».

Биёед, бачаҳо, пахта мечинем. Аз ҷой мехезем, пешдоманҳоро ба миён мебандем. Акнун оҳиста - ҳаракат мекунем. Дар роҳ суруди «Пахта-пахтаҷон»-ро мехонем.

Муаллим ҳамроҳи кӯдакон суруди «Пахта-пахтаҷон», шеъри М. Диёриро мехонанд.

- Ба пахтазор расидем. Пахтачиниро сар кардем. Аз пахтачинӣ бармегардем. Боз дар роҳ сурудҳоро замзама мекунем.

Ин хел саволу ҷавоб ва суҳбат бисёр шавқовар мегузарад. Дар гузаронидани ин бозӣ ва суҳбат қариб 5 дақиқа вақт сарф мешаваду халос.

Намунаи чанд бозие, ки мо дар раванди дарс мегузаронем, кӯдакон аз он натанҳо таълим мегиранд, балки дар баробари он бозӣ мекунанд, шавқманд мегарданд, чизҳои дар ҳаёт дида ва шунидаашонро дар бозиҳои худ амалан мебинанд. Онҳо ба иҷрои ин бозиҳо муқоисакуниро ёд мегиранд, суруд мехонанд, бо қоидаҳои дар кӯча гаштан шинос мешаванд, амалан дар шакли бозӣ онро иҷро мекунанд.

Дар рафти дарс ҳангоми бозии дамгирӣ ба ҷавобҳои хонандагон чунин баҳоҳо ба мақсад мувофиқ аст: нағз, бисёр хуб, қандата зан.  Офарин, бисёр  хуб  гап задӣ, ту аълохон мешавӣ, ту бисёр кӯшиш кардӣ ва ғайра.

 

Хадича Назарова,

омӯзгори мактаби №13-и шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш