Дар синфҳои ибтидоӣ дар қатори омилҳои дигар барои таълиму тарбияи босамару ҳадафмандонаи хонандагон аз эҷодиёти шифоҳии халқ (фолклор) метавон ба таври васеъ истифода бурд. Эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик хеле бою рангин буда, жанрҳои гуногунро фаро мегирад.
Ҳадафи асосии асарҳои фолклорӣ тарбияи инсони накукору хушрафтор, ватандӯсту иродатманд, шарафманду босалиқа мебошад. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар ҳама дарсҳои худ вобаста ба ҳамаи фанҳо метавонанд мисолҳои мувофиқро аз эҷодиёти шифоҳии халқ интихоб ва истифода намоянд. Дар китобҳои дарсӣ ин гуна мисолҳо ҷой дода шудаанд, вале маълум, ки барои бештар рангину ҷолибу таъсирманд гардидани дарсҳо тадбирҳои иловагии омӯзгорон нақши муҳим мебозанд. Осори эҷодиёти шифоҳии халқ аксаран ба синну соли хонандагони синфҳои ибтидоӣ мувофиқ буда, забони самимию ширадор ва фаҳмрас доранд. Ин гуна осор худ ба хонандагон мақбул мешаванд ва барояшон таъсиргузор мегарданд. Масалан, афсонаҳои халқиро шогирдони мо бо шавқу завқ мешунаванд ва қаҳрамонони онҳоро дӯст медоранду ба хислатҳои некашон майли пайравӣ бинмудан пайдо мекунанд. Афсонаҳои машҳури халқӣ «Бузаки ҷингилапо», «Бибигамбӯсак», «Кали зирак», «Гурба ва дум»… дар байни хурдтаракон маълуму мақбуланд. Азбаски афсонаҳо сужаи нисбатан бардавом доранду вақти бештареро мехоҳанд, дар дарсҳо истифодаи жанрҳои хурди фолклорӣ мувофиқтар мебошад. Хушбахтона, дар ҷумҳуриамон намунаҳо аз эҷодиёи шифоҳии халқ дар шакли китобчаҳои рангаву таваҷҷуҳбарангез борҳо ва бо теъдоди калон ба нашр расидаанд, ки ин шароити созгор, аз ҷумла, барои омӯзгорон фароҳам меоварад. Аз ҷумла, истифодаи панду андарзҳои халқӣ, пораҳои назмӣ, чистону тезгӯякҳо ҳам боиси рангинии дарс ва ҳам сабаби афзудани ҷанбаи тарбиявии он мешавад.
Истифодаи ҳикмату пандҳои зерини халқӣ дар лаҳзаҳои мувофиқи дарсҳо вобаста ба муҳтавои мавзӯъҳо айни муддаост:
Умри дурӯғ-кӯтоҳ, китоб-раҳнамои инсон, одоб ҳусни инсон аст, сад бор чен куну як бор бур, аз дӯст набояд ранҷид, хониш - асоси дониш, ҳурмати калонсолон қарз аст, ростиро завол нест…
Хонандагон, махсусан, ба чистону тезгӯякҳои халқӣ майлу таваҷҷуҳи зиёд доранд ва аз ин рӯ, омӯзгорро мебояд, ки аз имконоти ин жанрҳо дар таҳкими қобилиятмандӣ, даркнамоӣ, зиракӣ, хушгуфтории хонандагон ба таври шоиста истифода барад…
Дар охир аз як гуфтаи ҳикматбори нависандаи бузурги рус М.Горкий ёдовар мешавем: «Ибтидои санъати сухан дар фолклор аст». Ин маънӣ таваҷҷуҳи моро ба эҷодиёти шифоҳии халқ бештар ҷалб менамояд.
Назира Каримова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр