Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи маълумоти ҷолиб

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

Дар таълими илмҳои хеле муҳими рӯзгори мо – алгебра ва геометрия ҳам омӯзгорон ва ҳам  хонандагон илова ба китобҳои дарсӣ бояд аз воситаҳои дигар – китобу нашрияҳо, намоишҳои телевизиониву гуфторҳои радиоӣ истифода баранд.

Оид ба илмҳои мазкур дар ҷумҳурии мо ҳар сол китобҳои гуногун ба нашр мерасанд ва дастраси ҳамагон мегарданд. Соли 2016 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи  миллии тоҷик бо номи  «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» китоберо чоп кард, ки  ҳамчун дастури  иловаи омӯзиш барои хонандагони  зинаҳои аввалу дуюми  таҳсил дар таълимгоҳҳо пешбинӣ шудааст. Дар як китоб, ки хусусияти энсиклопедияи кӯдаконаро дорад, хонандагон оид ба фанҳои  гуногун метавонанд маълумоти ҷолиб ба даст оранд. Дар бораи фанҳои алгеб-раю  геометрия низ дар китоб далелу ахбори  ҷолиб ҷой дода шудааст. Он боби китоб, ки ба фанҳои  мазкур дахл дорад, «Ҳисоб ва андозагирӣ» номида  мешавад. Дар оғози ин боб ба саволҳои  «Рақамҳои аввалин  кадомҳо буданд?», «Амали нахустини  риёзӣ аз чӣ иборат буд?», «Алгоритм чист?» ва монанди инҳо посух дода шудааст. Вобаста ба саволи нахуст посух омада, ки  пайдоиши  ададҳо давраи  тӯлонии таърихро дар бар мегирад ва дар ин ҷода ангуштҳо нақши  муҳим бозидаанд. Дар оғоз барои  ифодаи  «як» як ангушт ва «ду» ду ангуштро ба кор мебурданд ва ҳамин тавр, барои  ифодаи  аз як то даҳ ду панҷаи  даст корбаст мешуд. Тадриҷан ҳамчун илова ангуштони  пойҳоро низ ба кор гирифтанд. Чунончи, ангуштони ҳар ду дасту ҳар ду пой дар якҷоягӣ  адади  20-ро ифода  менамуданд. Баъд бо ин мақсад ашёи  гуногун мавриди  истифода қарор  гирифтанд. Батадриҷ рақамҳо ба вуҷуд омаданду  ифодагари  миқдорҳо гардиданд.

Аввал миқдори ададҳо маҳдуд буданду то 40,50,100-ро ифода менамуданд. Марҳила ба марҳила номгӯи ададҳо ва ифодаашон мукаммал гардиду  то ба беохир  расид. Олимон муқаррар кардаанд, ки аввалин рақамҳо  дар минтақаҳои бостонии  Миср ва Мовароуннаҳр  пайдо шудаанд. Дар Руми Қадим  ҳангоми  ҳисоби  ададҳо аз баъзе ҳарфҳо истифода мекарданд: I,V,L,C,D,M…

Дар китоби  «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» оид ба намудҳои рақамҳо дар кишварҳои  олам  маълумот ва мисолҳо оварда шудааст.

Таҳиягарони  китоб кӯши-даанд, ки  маълумотҳо мухтасар ва фаҳмо бошанд. Масалан, ба саволи «Дараҷа чист?» дар китоб чунин ҷавоб мавҷуд мебошад: «Дараҷа дар риёзиёт ҳар яке аз 360 ҳиссаи  давраро ифода мекунад. Дар  натиҷаи  зарби чандинбораи  як рақам  ба худаш дараҷа ҳосил мешавад. Адади  зарбшавандаро  асос ва зарбкунандаро  нишондод мегӯянд. Масалан, рақами 9 ин 3 дар дараҷаи 2 аст: 3х3=9. Агар рақами дилхоҳ дар дараҷаи  2 ифода шавад, мураббаъ ҳосил  мешавад: 52=5х5=25. Агар рақами дилхоҳ дар  дараҷаи 3 ифода ёбад, мукааб ҳосил мешавад: 23=2х2х2=8».

Ба ин гуна, дар китоб ба саволҳои  дигаре, чун «Мураббаи соҳирона чист?», «Прогрессия чист?», «Бисёркунҷаро чӣ гуна чен мекунанд?» ҷавоб дода шудааст. Илова бар  ин, дар китоб оид ба баъзе олимони  илмҳои  алгебраву геометрия дар аҳди  қадим – Афлотун, Пифагор, Фибоначчӣ, Албрехт Дюрер маълумоти мухтасар ҷой дорад.

Китоби «Кӣ? Кай? Дар куҷо?» хеле хуб ороиш  дода шудааст ва саршор аз маълумоти ҷолибу шавқовар мебошад. Ин китоб барои омӯзгорон баҳри вусъатбахшӣ ба муҳтавои  машғулиятҳояшон бо шогирдон сарчашмаи боэътимоду ғановатмандест.

Гулнисо ДОРОБОВА,

омӯзгори алгебра

ва геометрия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш