Нашрияи Омӯзгор

Дар тарбияи фарзанд бетафовут набошед

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Барои баланд бардоштани малакаю маҳорат ва донишандӯзии насли наврас якчанд омил мавҷуд мебошад, ки яке аз онҳо робитаи волидайн бо мактабу омӯзгор аст.

Масъулият ва вазифаи падару модар дар мавриди таълиму тарбияи фарзанд дар кишвар  дар  доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба танзим дароварда мешавад.

Боби 2- юм ва моддаи 7 – уми қонуни мазкур тақозо менамояд, ки ҳар як падару модар манфиатҳои фарзанди худро ҳимоя намоянд, шакл намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро барои таълиму тарбияи фарзандашон интихоб намоянд, барои баланд бардоштани сифати таълим ва донишандӯзии фарзандонашон дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ иштирок кунанд.

Ҳамкории зичи волидайн ва мактабу омӯзгор метавонад ба баланд шудани сатҳу сифати дониш ва малакаю маҳорати хонанда мусоидат намояд. Ва баръакс, алоқа ё робитаи зич надоштан бо мактаб ба он оварда мерасонад, ки донишандӯзии хонандагон рӯ ба таназзул оварда, онҳо вақти холигии худро на ба хондани китобҳои дарсӣ ё бадеӣ, балки дар кӯчаю бозор мегузаронанд.

Дар мактаб - интернати мо кӯдакони гирифтори бемории полиомелит, яъне, фалаҷи сутунмуҳра ё дасту пой, фалаҷи майнаи сар ва зеҳнияташон суст таҳсил менамояд.

Мутаассифона, бархе аз падару модарон фарзандони беморашонро дер-дер хабар мегиранд, ба ҳаёти мактабии фарзандонашон бетафовут менигаранд, ки чунин муносибат боиси дилсарду маъюс ва нисбат ба худ нобовар шудани кӯдакон мегардад.

Барои фарзанд, бахусус, фарзанди маъюб ҳеҷ неъмате баробар ба муҳаббату дӯстдории падару модар нест. Дур будан аз оила, дер - дер ба дидори волидайн мушарраф шудан, кам эҳсос намудани оғӯши гарми падару модар ба рӯҳияи фарзанд таъсири манфӣ мерасонад.

Фарзанд меваи умри инсон аст ва чун парвариши дуруст ёбад, ширину беҷурм ба воя мерасад. Маҳз падару модар боғбони ғамхори умри фарзанд ҳастанд.

Барои мушарраф шудан ба чунин ниятҳои наҷиб робитаи мактабу оила бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Кори таълиму тарбия танҳо вазифаи мактабу омӯзгор нест. Падару модар, ки меъмори ҷисму ҷон ва ақлу идроки фарзанд маҳсуб меёбанд, аз рӯзи нахустини ба дунё омадани кӯдак дар тарбияи ӯ масъулияти бузургро бар дӯш доранд.

Падару модар аз ибтидо бояд нисбат ба тарбияи дурусти кӯдак масъулиятшинос бошанд, меҳрубон бошанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, то тавонанд насли солим, худшиносу худогоҳ ва номбардори миллати хешро ба воя расонанд. Рафтору гуфтор ва кирдори некро фарзанд, пеш аз ҳама, аз падару модари худ меомӯзад. Бузургтарин мактаб-мактаби падару модар аст ва бигузор, ин мактаб ҳеҷ газанде наёбад.

 

Бурҳониддин ДАВЛАТОВ,

муовини директори

мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш