Нашрияи Омӯзгор

Муҳаббат - омили муваффақият

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Дар бораи омӯзиши забонҳо, аз ҷумла, забони русӣ, ки мақоми байналмилалӣ дораду яке аз шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, бисёр гуфтаанду навиштаанд ва ин масъала, махсусан, дар мактабҳо  ҳамеша дар маркази диққат қарор дорад.

Барои омӯзиши муваффақонаи забони русӣ методу усулҳои зиёде мавҷуданд, ки дар дастуру мақолаву китобҳои методистон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба тавзеҳ ёфтаанд. Он нукта бебаҳс аст, ки барои омӯзондани  ҳар забоне нахуст устод бояд дар дили шогирдон нисбат ба он забон меҳру муҳаббат, иштиёқмандие пайдо намояд, зеро  дуруст таъкид кардаанд, ки «Шавқ агар раҳбар шавад, ҳар  лаб суханпарвар шавад». Барои дар ниҳоди хонандагон нисбат ба забони русӣ муҳаббат парваридан, ба назари мо, тадбирҳои зеринро бояд амалӣ намуд: нақл дар бораи мавқеъ ва тавоноии забони русӣ, нақл оид ба таърихи ин забон ва халқҳое, ки бо он гуфтугӯ мекунанд, нақл дар хусуси кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ роиҷ аст, ҳикоят оид ба адабиёти ғановатманди рус ва намояндагони  барҷастаи он, ҳикоят перомуни махсусиятҳои забони русӣ, қироати шеъру ҳикояти кӯтоҳ ва зарбулмасалу мақолҳои русӣ…

Ба хонандагон оид ба хат, намудҳои он ва таърихи пайдоиши хат дар забони русӣ ба таври фишурдаву муассир ва шавқовар нақл кардан манфиатовар хоҳад буд. Аз ҷумла, зикр  бояд кард, ки  дар ҳар забоне хат мавқеи муҳим дорад ва ба рушду такомули он мусоидат менамояд. Хат нахуст дар заминаи пайдо шудани эҳтиёҷот барои ифодаи садою овоз, аз насл ба насл интиқол додани иттилоот ва маҷмӯи донишҳо арзи ҳастӣ кардааст ва ҳамчун василаи иловагии муоширати байни одамон пазируфта шудааст. Дар ибтидо хатҳо намудҳои хеле сода ва суратгунаро доштанд ва марҳила ба марҳила такмил ёфтаву шакли рехтаву мақбул ва мувофиқро дарёфтанд. Умуман, пайдоиш ва ривоҷи хат дар ҳаёти одамон ҳамсон ба табаддулот буду марҳилаи тозаеро дар таърихи башар оғоз кард. Он имкон фароҳам овард, ки матлаб, хабар, аснод аз як макон ба макони дигар ирсол шавад, мушкили одамон аз ин хусус осон гардад. Хат хусусияти муттаҳидсозии одамонро низ дорад. Барои равнақи афкори мардум, такомули адабиёт ва тақвияти истеъдодҳо хат аҳамияти барҷаста дорад. Забоншиносон навъҳои зерини хатро муайян кардаанд: пиктографӣ, идеографӣ, фонографӣ… Ҳар яке аз ин намуди хатҳо ҷанбаҳои махсус ва бартариву норасоиҳо ё худ мушкилоти худро  доранд. Дар асоси хатҳо дар забонҳои гуногуни олам алифбоҳо пайдо шудаанд: алифбои лотинӣ, алифбои славянии кириллӣ, алифбои арабӣ, алифбои ҳиндӣ… Беш аз ҳафтоду панҷ дарсади аҳолии дунё айни замон бо ҳамин чор навъи паҳншудатарини хат коргузорию ҳоҷатбарорӣ мекунанд.

Халқҳои славянӣ, аз ҷумла, русҳо аз хати кириллӣ бештар истифода мебаранд. Алифбои славянии кириллӣ дар интиҳои асри IX ва ибтидои асри X пайдо шудаву шакл гирифтааст ва мухтасаран кириллӣ номида мешавад. Ихтирои ин алифбо бо номи офаридгаронаш-бародарон Кирилл ва Мефодий пайванд аст. Хати кириллӣ дар асоси коркарди эҷодкоронаи алифбои византиягӣ-юнонӣ ба миён омадааст. Ҳоло алифбои кириллӣ, ки сиву се ҳарфро дар бар мегирад, дар як қатор мамлакатҳои олам мавриди истифода мебошад. Калонтарин давлати  ҷаҳон, ки бо ин хат  иртиботмандӣ дорад, Федератсияи Россия мебошад. Бо ин хати содаву омӯзишаш осон ва тавонманд адабиёти оламгири рус офарида шудааст ва ҳамасола миллионҳо адад китобу нашрияҳо ба табъ мерасанд…

Ҳангоми маълумот ироа кардан дар бораи хат ба шогирдон бояд варақаҳои ифодагари намудҳои хат, китобҳои гуногун ва нашрияҳоро бо хати кириллӣ намоиш дод.

 

Гулҷаҳон Сафарова,

омӯзгори забон ва адабиёти рус


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш