Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода бо директори минтақавии ширкати ELSEVIER дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Алия Оспанова мулоқот кард. Дар мулоқоти мазкур тарзу усул ва роҳҳои ба нашр расонидани мақолаҳои илмӣ аз ҷониби устодону олимон дар маҷаллаҳои байналмилалии SCOPUS-ро тавзеҳ дода шуд.
Директори минтақавии ширкати ELSEVIER дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Алия Оспанова зимни мулоқот қайд кард, ки бори аввал аст, ширкат ҳамкориашро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва мо мехоҳем намояндагии ширкатамонро дар Тоҷикистон ташкил намоем.
Ин имкон медиҳад, ки устодон ва олимони ҷавон метавонанд мақолаҳои илмиашонро ҳарчи бештар ба нашр расонида, дар муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми худро гузоранд.
Хатмкунандагон дар ДДҲБСТ
Беш аз 40 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рафта, бо парки технологӣ, ихтирооту навгониҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ шинос гардиданд. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо устодону хонандагони водии Зарафшон суҳбати озоду самимӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои донишгоҳ ва шароиту имконоти таҳсил дар ин муассисаи касбии олӣ шинос кард. Сарвари донишгоҳ афзуд, ки ҳоло се ихтисоси донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ буда, дар оянда марҳила ба марҳила ихтисосҳои дигарро низ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ месозанд.
Мавриди зикр аст, ки вохӯрии мазкур дар доираи лоиҳаи “Мусоидат барои васеъ гардонидани имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии занону ҷавонони водии Зарафшон”-и Барномаи рушди СММ амалӣ гардонида шудааст.
“Таърихи ҳарбии Тоҷикистон”
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рӯйнамоии китоби “Таърихи ҳарбии Тоҷикистон”(«Военная история Таджикистана»)-и Н. Назаршоев ва И. Бониёзов баргузор гардид. Дар муаррифии китоби тозанашр як қатор меҳмонон аз мақомоту идораҳои мухталиф ширкат варзиданд.
Асари мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди омӯзиши таърихи миллат, тарғибу талқини ғояҳои худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ба табъ расидааст.
Муаллифи китоб Илҳом Бониёзов дар мавриди фарогирии паҳлуҳо ва мазмуну мундариҷаи китоб маълумот дод. Ҳамчунин, муқарризони китоби тозанашр - мудири шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ғафуров ва доктори илмҳои таърих, профессор Ф.Ҳомидзода таъкид намуд, ки нашри китоби “Таърихи ҳарбии Тоҷикистон” ба хонанда имкон медиҳад, ки аз вазъи печидаи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, имкону шароити ниҳоду мақомоти дифои кишвар дар солҳои аввал ва мустаҳкам гардидану рушди соҳаи ҳарбии мамлакат огоҳ гардад.
Нуъмон Раҷабзода, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр