Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисони арзандаро ба камол мерасонем

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Мусоҳиба бо Абдулло Ҳабибулло, ректори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АИ ҶТ

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи дониш ба масъулини соҳаи маориф оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таҳсилоти касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мегуфтед, ки дар ин росто, дар донишгоҳи шумо чӣ корҳо ба анҷом  расонида мешаванд?

- Бояд зикр кард, ки соли дуюм аст, дар донишгоҳ татбиқи лоиҳаи “Донишгоҳи электронӣ” давра ба давра вусъат гирифта, барои назорати интизоми меҳнати кормандону омӯзгорон дар назди даромадгоҳи бинои маъмурӣ, факултаҳо, дар марказҳои имтиҳонотӣ барои назорати иштироки донишҷӯён ба имтиҳоноти ҷорӣ таҷҳизоти бақайдгирии изи ангушт ба роҳ монда шуда, дар синфхонаҳои факултаи филологияи хориҷӣ камераҳои назоратӣ насб гардидаанд.

Инчунин, сомонаи низоми таҳсилоти фосилавӣ “MOODLE” фаъолияти худро ҷоннок намуда,  дар шабакаи Интернет тайи ду сол аст, ки фаъолият намуда истодааст. Зиёда аз 1185 нафар донишҷӯи низоми таҳсилоти фосилавӣ ва 658 нафар омӯзгори донишгоҳ сомонаи мазкурро фаъолона истифода мебаранд. Маводи дарсии мултимедиявӣ, тестҳо, сабти видеоӣ ва дигар маводи таълимии электронӣ дар сомона аз тарафи омӯзгорон ҷой карда шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади истифодаи пурсамар аз технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баҳри рушди низоми арзёбии сифати таҳсилот ва мутобиқ гардонидани онҳо меъёрҳои байналмилалӣ, 6-моҳаи технологияи иттилоотию  иртиботӣ ва рушди ҳукумати электронӣ эълон гардида, ба  аҳли омӯзгорон малакаҳои кор бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ – коммуни-катсионӣ мунтазам омӯзонида мешаванд.

Ин тадбирандешиҳо ба раванди ҳамгироӣ ва ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот вусъат бахшида, ба сифату самаранокии таълим таъсири мусбат мерасонанд.

- Маълум аст, ки ба фаъолияти ҳар як донишгоҳ аз дастовардҳои донишҷӯён дар олимпиадаҳову иштироку пирӯзии устодонаш дар озмунҳо баҳо медиҳанд. Дар ин маврид чанд сухан мегуфтед?

- Натиҷаҳоямон дар ин самт дар муқоиса бо имконияту шароитҳои мавҷуда он қадар бад нестанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 11 нафар омӯзгор рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд ва  то анҷоми соли 2019 ҳимояи боз 7 рисолаҳои номзадӣ дар назар аст. 

20 нафар омӯзгор ҷиҳати ҳимояи рисолаи номзадию докторӣ омодагӣ мебинанд. Дар соли 2019 академик Самариддин Каримов бо Нишони фахрӣ ва Фирӯз Сайфуддинов - сардори Маркази истеъдодҳои ҷавон    бо Дипломи дараҷаи 1 МД ММПИ ҳамчун ихтирокорони беҳтарини ҷумҳурӣ, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён ба гирифтани ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ дар соҳаи журналистика мушарраф гардиданд.

Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, Бедилҷон Шарифов аз фанни назарияи иқтисодӣ ҷойи 3, Шаҳром Ғаюров аз фанни фалсафа ҷойи 3 ва Миҷгона Каримова аз фанни технологияи информатсионӣ ҷойи 3-ро соҳиб гардиданд. Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Адибаи Нуралӣ – донишҷӯи курси 3, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик ҷойи 3, Миҷгона Каримова – донишҷӯи курси 3-и факултаи физика ва математика аз рӯйи ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ ҷойи 3, Ҳусниддин Ҳисайнов – донишҷӯи курси 4-и факултаи химия, биология ва география  аз рӯйи ихтисоси химия - ҷойи 3, Бедилҷон Шарипов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона, факултаи молиявию иқтисодӣ – аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёт - ҷойи 3 ва  Шаҳром Ғаюров, донишҷӯи курси 2, факултаи омӯзгорӣ – аз рӯйи ихтисоси фалсафа-ҷои 3-ро ишғол намуданд. Сол то сол сафи донишҷӯёни  аълохон дар донишгоҳ меафзояд. Соли ҷорӣ 48 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо  дипломи аъло хатм намуданд. 89,6%-и омӯзгорон  ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ҷалб гардиданд.

Дар 29 кафедраи донишгоҳ 34 маҳфил амал намуда, 644 нафар донишҷӯро фаро гирифтаанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 магистрантон ва докторантони PhD (дар маҷмӯъ 169 нафар) низ дар нақшаи семинарҳо ворид карда шуда, ба семинарҳо ҷалб гардидаанд.

Дар соли 2019 гирандагони идрорпулиҳои номӣ ба 46 нафар  расид.

- Масъалаи тайёру омода намудани мутахассисони ҷавон дар донишгоҳ чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Тавре мушоҳида мешавад, аксари директорони муассисаҳои таълимӣ аз сатҳи омодагии касбии омӯзгорони ҷавон норизо ҳастанд.

- Мавриди зикр аст, ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар яке аз вазифаҳои муҳим, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ истодааст, ки иҷрои он тавассути вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот ва самарабахшии натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ муяссар мегардад.

Бо ин мақсад дар донишгоҳ баҳри дарёфти истеъдодҳои ҷавон, ихтироъкорону донишҷӯёни забондон марказҳои истеъдодҳои ҷавон,   рушди касбият ва инноватсия ва омӯзиши забонҳо  ташкил карда шудааст, марказ озмунҳои гуногун  баргузор намуда, лоиҳаҳои инноватсионии беҳтаринро дастгирӣ менамояд. Танҳо дар давоми соли таҳсили 2018-2019  11 лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ муаррифӣ гардидаанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ  шуданд. 

-Дар донишгоҳ омодагии мутахассисони ҷавон тавассути аспирантураю докторантура чӣ тавр роҳандозӣ шудааст? Дар ин самт пешравиҳо дида мешавад ?

Соли 2019  48 нафар, аз ҷумла, 38 нафар дар зинаи бакалавр ва 10 нафар магистратура донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки аксари онҳо дар кафедраҳои тахассусӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Айни замон тавассути шуъбаи омодасозӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ 269 нафар магистрант дар зинаи магистратура, дар 41 гурӯҳи таълимӣ ва 84 нафар  дар зинаи  докторантураи PhD, дар 24  гурӯҳи таълимӣ аз рӯи проблема ва равияҳои илмии кафедраҳои марбутаи донишгоҳ ба тадқиқоти илмӣ машғул мебошанд.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо муассисаҳои олии касбии ҳориҷи кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад?

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ду лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо  ЭРАСМУС+  -  “PAWER фаъолиятро идома дода, дар маҷмӯъ, давоми соли таҳсили 2019   63 нафар корманду омӯзгори донишгоҳ дар ҷаласаву семинарҳои лоиҳаҳои Фонди Аврупо Эрасмус+ дар дохил ва  хориҷи кишвар иштирок намудаанд.

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур донишгоҳ бо 40 донишгоҳи хориҷи кишвар ҳамкорӣ дошта, якҷоя бо онҳо ва дигар шарикони дохиливу хориҷӣ дар доираи лоиҳаҳои Фонди Аврупо Эрасмус+ дар соли 2019  барои иштирок дар озмун 5 лоиҳаи КА 1 - Фаъолияти калидии як – табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва 4 лоиҳаи КА 2 – Фаъолияти калидии ду – баланд бардоштани потенсиали кадрии донишгоҳ ба комиссияи интихобӣ пешниҳод намудааст.

Мусоҳиб

Шариф АБДУЛҲАМИД,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш