Нашрияи Омӯзгор

Асари бадеӣ – оинаи таърих

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Таърих ба воситаи сарчашмаҳои гуногун омӯхта мешавад ва маълум, ки аввалин сарчашма китобу рисолаҳо дар бораи ҳодисаву воқеаҳо дар айёми гуногун мебошад. Дигар аз манбаъҳои хеле ҷолибу таъсиргузор адабиёти бадеӣ маҳсуб меёбад.

Дар адабиёт навъи асарҳое ҳастанд, ки ҳикояи таърихӣ, повести таърихӣ ва романи таърихӣ ном доранд. Ин гуна асарҳо аз ҷониби адибон дар асоси ин ё он ҳодисаву рухдодҳои таърихӣ, дар бораи шахсиятҳои таърихӣ навишта мешаванд. Албатта, дар онҳо тахайюли нависанда, афкори бадеӣ ва коркарди адабӣ ҷой доранд, аммо маҳаки асосиашонро манобеи таърихӣ, далелу арқоми воқеӣ ташкил медиҳанд. Ин гуна таърихофарӣ бағоят муҳим, қобили қабул, хотирнишин ва муассир мебошад ва хонандаро тасхир мекунад. Асарҳои таърихӣ дар адабиёти ҳамаи халқҳои ҷаҳон ҷой доранд ва аз жанрҳои писандидаву пурхонанда эътироф шудаанд. Адабиёти тоҷик низ аз ин нигоҳ истисно нест. Қисмати зиёди эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ такя бар ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ дорад. «Ёддоштҳо»-и устод асари сирф таърихист ва маълумоти фаровони воқеиро аз ҳаёти халқи тоҷик дар интиҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 фаро мегирад. Ҳикояҳои зиёде дар адабиёти тоҷик заминаи таърихӣ доранд ва аз онҳо хонандагон оид ба таърихи халқамон маълумоти фаровон дармеёбанд. Иттилою донишҳои бештареро оид ба таърих, албатта, романҳои таърихӣ ироа мекунанд. Ин гуна асарҳо маъмулан давраҳои томи таърихи миллатро ифодагар мешаванд. Дар адабиёти тоҷик романҳои таърихии С.Улуғзода «Восеъ», Р.Ҷалил «Шӯроб»,Р.Ҳодизода «Ситорае дар тирашаб» маъмулу машҳур ва писандидаанд. Дар ин миён аҳамияти таърихии романи сегонаи адиби маъруф Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» («Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Тахти вожгун») бештар аст ва ин сегона давраи хеле васеи ҳаёти халқи тоҷикро дар қадимтарин ва муъруфтарин шаҳри тоҷикон – Бухоро фаро мегираду пуропур аз воқеаҳои хотирмону пурихтилоф мебошад. Таҳлили бадеии рӯйдодҳои таърихӣ ва бозгӯи адабии онҳо бо тавсифи образҳо асосманд шудааст. Яке аз образҳои ҷолиби роман Дилором – кампир зани боғуруру устувор ва зираку ҳамадон аст, ҳодисаҳои зиёдеро аз сар гузаронидаву дар кӯраи муборизаву талошҳо обутоб ёфтааст ва асрори зиёдеро медонад. Ӯ ҳамеша барои ҳимояи шаъни инсон мекӯшад, нотавону бечорагон, гирифторони зулму асорати сарватмандону муфтхӯрон ва соҳибмансабони зишткорро ҳимоят мекунад. Набераи ӯ Фирӯза образи дигари барҷастаи роман мебошад, ки бо бисёр ҳодисаву воқеаҳо, таҳқиру сӯиқасдҳо бархӯрд мекунад ва бо дастгирии бибиаш- Дилором-кампир ва ашхоси дигари накукору бовиҷдон ва ғамхор ҳамеша ғолибу сарбаланд мемонад.

Ҳаёти тоинқилобии халқи тоҷик, ғорату истисмори мардум аз ҷониби замондорон, фарорасии Инқилоби Октябр, ихтилофоти дохилӣ, тохтутозҳои босмачиён, аввалин комёбиҳои ҳаёти нав… дар романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба таври васеъ, ҳамбаста бо воқеаҳои пуршиддат ва гоҳе фоҷеавӣ тасвир ёфтааст.

Аз романи мазкур хонандагон оид ба як марҳилаи томи ҳаёти халқи тоҷик он қадар маълумот дармеёбанд, ки шояд аз як қатор сарчашмаҳои дигари таърихӣ дарёфта натавонанд.

Тавассути асари бадеӣ такмил додани дониши хонандагон оид ба таърих воситаи хеле самарбахши омӯзиш дар дарсҳои таърих мебошад ва омӯзгори таърихро мебояд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳад ва аз ҷумла, ҳамкориашро бо омӯзгори забон ва адабиёт ба таври ҳамешагӣ ба роҳ монад.

Рамзия МУҲАББАТОВА,

омӯзгори таърих

ва ҳуқуқ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш