Замимаи 3 ба Амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, №АП - 1165
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон
Ҷоизаҳои зерин барои ғолибони озмун муқаррар шудааст:
1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони
классикии тоҷик:
1.Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
2.Ҷойи дуюм - 25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза.
3. Ҷойи сеюм - 20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони
муосири тоҷик:
4. Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
5. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
6. Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза.
3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона
ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик:
7. Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
8. Ҷойи дуюм - 17000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
9. Ҷойи сеюм - 13000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза.
4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон:
10. Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
11. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
12. Ҷойи сеюм - 15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза.
5. ШОҲҶОИЗА
Шоҳҷоизаи озмун–50 000 сомонӣ
Шоҳҷоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Шарҳ: Довталабоне, ки аз ҳар як номинатсия осор мутолиа мекунанд ва ашъореро аз бар менамоянд, ҳакамон метавонанд иловатан ба ҳунару истеъдоди онҳо холгузорӣ намоянд. Он бояд ҳатман дар суратҷаласа (миқдор ва теъдоди онҳо) қайд гардад ва имзои раис ва аъзои ҳакамон дар он гузошта шавад. Барои довталаб маҳдудият мондан шарт нест. Ҳакамон дар мувофиқа бо комиссияи озмун метавонанд барои иваз кардани бандҳои алоҳидаи номинатсия пешниҳод манзур намоянд. Комиссия пешниҳодҳои ҳайати ҳакамонро баррасӣ карда, дар асоси овоздиҳии кушода онҳоро дастгирӣ ва ё рад менамояд.
Эзоҳ: Маблағи умумӣ барои мукофот: 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ).
Мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назар доштани пардохти андозҳо пешбинӣ шудаанд.
Тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардонда мешаванд.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр