Нашрияи Омӯзгор

Норасоиҳо бартараф мешаванд

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо маъмурияти муассисаи таҳсилоти умумии асосии  № 21-и деҳаи Саркорони Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назарови ноҳияи  Муъминобод мақолаи сокинони деҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр бояд кард, ки бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Саркорон соли 2009 дар ду баст барои 160 хонанда мактаби замонавӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар муассисаи номбурда айни ҳол 65  хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Доир ба шикояти сокинони деҳа дар хусуси набудани шароит барои давом додани таҳсил баъди хатми синфи 9 бояд гуфт, ки дар муассиса шароити идома додани таҳсил ҳаст, аммо ба сабаби кам будани теъдоди хонандагон дар синфи 10 имкони ташкили он ғайриимкон аст. Инчунин бо дастгирии шуъбаи маорифи ноҳия  ва маъмурияти муассисаи таълимӣ оид ба  давом додани таҳсили хонандагон баъди хатми синфи 9, ки 12 хонандаро ташкил медиҳанд, тасмим гирифта шуд, ки  дар сурати розигии волидайн ва хонандагон дар соли хониши оянда аз ҳисоби муассисаи таълимии миёнаи умумии №14 синфи 10 ташкил карда шуда,  дарсҳоро омӯзгорони ҳамин муассиса мегузаронанд.

 

О.ТАБАРОВ,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш