Тоҷикон миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсолаи худро то кунун нигоҳ доштаанд. Шеърҳои оламгири устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҳаким Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯза истифода мебаранд.
Бо ин забони фасеҳу шоирона ҳазорҳо китобҳои гаронмоя, шоҳасарҳои мондагори илмӣ таълиф гардидааст, ки асрҳои аср барои мардумони олам таъйинкунандаи меъёрҳои ахлоқи ҳамида, ҳаёти шоистаи инсонӣ, фарҳанги муоширату давлатдорӣ ва дигар ҷанбаъҳои ҳаёти инсонӣ мебошанд. Дар марҳилаҳои гуногуни таърих забони модарии мо – забони тоҷикӣ аз тарафи дигар қавму халқҳои минтақа чун забони илму адаб, коргузорӣ, расмӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯзҳо дар раванди бунёди давлати навини тоҷикон ба ҳайси яке аз рукнҳои асосӣ нақши сарнавиштсоз бозида истодааст.
Дар даврони истиқлол забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт.
Мулоқоти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму адаб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (04.10.19) воқеан фарогири тамоми масоили марбут ба татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита ба забони давлатӣ буда, таъкидҳои гиреҳкушои Сарвари давлат барои мо - аҳли ҳузур ва тамоми мардуми кишвар бозгӯкунандаи вазъи имрӯзаи татбиқи Қонуни забон ва дурнамои рушди забони тоҷикӣ ба ҳайси забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, ба пояи забони илми муосир расонидани он буд. Пойдории давлату миллат аз бақои забони он вобастагии амиқ дорад. Яъне, забон мисли Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, муайян кардани муносибати давлат бо забон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нигаҳбонии забони тоҷикӣ барҷаста аст. Дас-туру супоришҳои мушаххас ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, таҳияи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таҳия, қабул ва татбиқи истилоҳоти ягона дар ҳамаи соҳаҳо, милликунонии забони технологияҳои навин, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо назардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта, то моҳи январи соли 2020, такмил ва ба чоп пешниҳод кардани луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷик то нимаи дуюми соли 2020, таҳияи “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, феҳристбандии электронии тамоми калимаҳои забони тоҷикӣ бар асоси маъхазҳои қадимаву имрӯза ва ба барномаи компютерӣ ворид кардани он, эҳёву танзими номҳои миллии тоҷикӣ ва номҳои ҷуғрофӣ, ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикӣ – таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илмро метавон гувоҳи ин сухани таърихии Пешвои миллат донист.
Истифодаи самарабахши забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил имкон медиҳад, ки забони мо ҳам дар сатҳи таълим ва ҳам дар сатҳи илмӣ густариш ёбад. Дар Паёми имсола Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориш доданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд.
Маълум аст, ки амалисозии муваффақонаи ин иқдомҳо ба донистани забони модарӣ сахт алоқаманд аст. Махсусан, насли ҷавони кишвар метавонанд бо донистани қолабҳои забонӣ, дарки тобишҳои маъноии ҷумлаҳои зебову равони забони модарӣ осори гаронмоя ва инсонпарваронаи бузургони миллатро мутолиа намуда, маънавиёти хешро ғанӣ гардонанд ва таърихи гузаштаву имрӯзи миллатро дуруст баҳогузорӣ кунанд.
Дар шароити навини давлатдории мо, ки ба даврони бархӯрди тамаддунҳо ва гуфтугӯи фарҳангҳо рост омадааст, нақши китобу китобхона ва фарҳанги мутолиа ҷиҳати ҳифзи асолати миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, ташаккули андешаи милливу эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ боз ҳам равшантар эҳсос мегардад. Таърих гувоҳ аст, ки дар чунин марҳилаҳои ҳассос танҳо миллату давлате аз худ дифоъ карда метавонад, ки шаҳрвандони бофазлу дониш ва хирадманду худогоҳ дошта бошад. Миллати мо, ки таҷрибаи чандинҳазорсолаи тамаддунофарию фарҳангсолорӣ ва забону адабиёти оламшумул дорад, дар ин марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамвора рӯ бар китоб оварда, дар баробари ҳаводиси рӯзгор барои худ аз он ҷавшану сипари мустаҳкаме месозад.
Хушбахтона, тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи маърифати китобхонӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои мантиқиву саривақтӣ андешида шуда, аз ҷониби Пешвои миллат амру дастурҳои зарурӣ содир мегардад. Аз ҷумла, бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ин шукӯҳу шаҳомати беназир, дар сохтори он ташкил намудани Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва Маркази “Тоҷикшиносӣ” маҳз ба тақвияти мавқеи забони давлатӣ, ривоҷи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таблиғи шинохт ва ҳувияти миллӣ, муаррифии таърих ва фарҳанги оламгири тоҷикон, ташкили семинару конфронсҳои илмӣ оид ба масоили тоҷикшиносӣ, таъмини иртибот бо марказҳои илмӣ-тадқиқотии дохиливу хориҷӣ, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ, амалисозии лоиҳаи силсилаи «Тоҷнома» бо фарогирии беш аз 50 ҷилд китобҳои марбут ба масоили тоҷикшиносӣ нигаронида шудааст.
Дар баробари таъкидҳои пайваста ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти халқ, аз санаи 9 феврали соли ҷорӣ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» содир гардид, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти кишвар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар давоми соли 2019 доир мегардад. Ин иқдоми фарҳангӣ бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар марҳилаи навини давлатдории тоҷикон фарҳангпарварӣ, рушди илму хирад ва ҳифзу посдории мероси пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва ҷой доштани равияву гурӯҳҳои ифротию тундгаро тадбири мубраму саривақтӣ аст. Ҳамзамон, ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ аз дасисабозиҳои муғризона эмин хоҳанд монд.
Чунончи аз гуфтаҳои илҳомбахши Пешвои миллат бармеояд, забони давлатӣ бо ҳифзи асолат бояд ҳамқадами замони муосир мунтазам рушду такомул ёбад, ки дар ин ҷода саҳми олимони забоншинос басо муҳим аст. Ҳифзу гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла, мероси фарҳанги миллӣ, унсурҳои забонӣ, либоси миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, номгузории фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки оинаи таърихи халқу кишвар ва пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи мо гарданд. Дар ин раванд, зарур аст, ки фарҳанги муошират бо забони давлатӣ сайқал ёбад ва забон аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул поку бегазанд нигоҳ дошта шавад. Дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳар як шахси худогоҳу соҳибватан ба ҳисоб меравад, ки ин таъкидҳо дар тамоми раванди суханронии Пешвои миллат баръало эҳсос мешуд.
Пас, месазад, ки пайи рушду такомули бемайлони забони давлатӣ, фарҳанги китобхонӣ, ки ҷиҳати пешрафту тараққиёти устувори кишвари азизамон заминаҳои мустаҳкам фароҳам меоранд, зери ливои Пешвои муаззами миллат пайваста ва якдилонаву дастҷамъона талош намоем.
Абдусалом Мирализода,
профессор, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр