Нашрияи Омӯзгор

Маҷмӯаи диктант, нақли хаттӣ, иншо ва эссе чоп шуд

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 1526        Шарҳ: 0

 

Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми кишвар як силсила барномаву дастур ва китобҳои методию дидактикиро таҳия ва таълиф намуда, дастраси устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар намуд, ки истифодаи онҳо дар раванди гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ ва беруназсинфӣ аз аҳамият холӣ нест.

«Маҷмӯаи диктант, нақли хаттӣ, иншо ва эссе» (барои синфҳои 5-11), ки мураттибони он,  кормандони марказ Ш.Ёрмуҳаммадзода ва Б.Ҳайдаров  мебошанд, аз ҳамин қабил дастури муфид маҳсуб меёбад. Бояд хотирнишон намуд, ки китоб аз меъёрҳои баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои V-XI аз забони тоҷикӣ, баҳо ба ҷавоби шифоҳии хонандагон, миқдори корҳои хаттӣ аз фанни забони модарӣ, баҳо ба диктант ва ғайра иборат буда, доир ба ҳар як мавзӯи дарсӣ дар синфҳои зикршуда аз фанни забони модарӣ матнҳои мувофиқро баҳри навиштани диктант дар бар гирифтааст. Ҳамзамон, барои гузаронидани нақли хаттӣ, иншо ва эссе намунаи матнҳо дар ҳар як синф ҷой дода шудааст. Дар қисмати навиштани диктант дар синфи 5 доир ба бобҳои «Фонетика», «Синтаксис ва аломатҳои китобат», «Морфология ва имло», синфи 6- Сифат», «Сифати феълӣ ва феъли ҳол», «Шумора ва ҷонишин», синфи 7- «Зарф ҳамчун ҳиссаи нутқ», «Ҳиссаҳои номустақили нутқ», синфи 8- «Синтаксис ва аломатҳои китобат», синфи 9- «Ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ», инчунин, намунаи диктантҳо барои синфи 10-11, нақли хаттӣ барои синфҳои 5-9 ва намунаи иншоҳо барои синфҳои 8-11 оварда шудааст.

Ш. Раҷабзод, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш