Нашрияи Омӯзгор

«Омӯзгори ҷавон» кист?

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори ҷавони сол» баргузор гардид, ки дар он 4 нафар ғолиби даври ниҳоӣ иштирок намуда, маҳорати педагогии худро аз рӯйи шартҳои озмун ба ҳайати ҳакамон манзур намуданд.

Нахуст довталабони озмун Фарангис Баҳодурова, омӯзгори мактаби №27, Меҳ-ринисо Оқилова муаллимаи мактаби №10, Баҳоралӣ Умаров аз мактаби хусусии «Паймон», Муъминҷон Иброҳимов аз литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дастовардҳои кории худро зимни таълиму тадрис ба доварон пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даври аввали озмун довталабон аз рӯйи шартҳои кор бо компютер ва тахтаи электронӣ, дарси намунавӣ аз рӯйи ихтисос, тартиб додани нақшаи тематикӣ, ташкили мизи мудаввар дар мавзӯи рӯзмарраи соҳаи маориф ва саволҳои сиёсӣ дониши хешро санҷиданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон мақоми аввалро Муъминҷон Иброҳимов аз литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюмро Фарангис Баҳодурова, омӯзгори мактаби №27 ва зинаи сеюмро Баҳоралӣ Умаров аз мактаби хусусии «Паймон» ба даст оварданд. Барои иштироки фаъолона Меҳринисо Оқилова муаллимаи мактаби №10 бо сипосномаи озмун қадршиносӣ гардид.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш