Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор дар ҷаҳони муосир

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар ҷаҳони муосир тазодҳои зиёде мавҷуд аст, ки бемайлон ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мо, аз ҷумла, ба тарбияи наврасону ҷавонон таъсир мерасонанд. Агар ба ду даҳсолаи охир назар кунем, савияи дониш, рафтор ва гуфтори ҷавонон ба куллӣ фарқ дорад.

Албатта, ҷанги шаҳр-вандӣ ба ҷомеаи ҷавони Тоҷикистони соҳи-бистиқлоли мо бе таъсир намонд, аммо, хушбахтона, паёмадҳои он бартараф шуда истодаанд.

Имрӯзҳо бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рушд дорад. Мактабҳои нав ба нав ба истифода дода шуда, савияи дониши омӯзгорон аз тариқи курсҳои бозомӯзӣ тақвият меёбад.

Таҳлилҳо нишон меди-ҳанд, ки сафи хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол зиёд гашта, бад-ин васила нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ баланд гашта истодааст.

Ман муаллимаи ҷавони литсеи давлатии рақами №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри  Душанбе мебошам. Литсеи мазкур моҳи сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ кард. Мактаб пурра бо шароитҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, омӯзгорони ҷавон дар қатори омӯзгорони ботаҷриба тарбияи насли наврасро ба уҳда доранд.

Роҳбари муассиса Рафоат Қувватова мунтазам барои сайқал додани маҳорату малакаи омӯзгорон аҳа-мият дода, барои ташаккули маҳорати касбии онҳо дастурҳои мушаххас медиҳад.

Ман нақшаи кории худро тибқи талаботи мавҷуда тартиб дода, дар дарсҳо аз аёниятҳои гуногун (филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ) истифода мекунам. Мебинам, ки хонандагон вақти азхуд кардани шеърҳо, иҷрои нақшҳо ба қаҳрамонҳои мусбӣ тақлид намуда, ҳамзамон, нисбат ба нақшҳои манфӣ хулоса мебароранд. Бад-ин васила, аз як тараф хонандагон аз фарҳанг, таърих ва нозукиҳои забони англисӣ огаҳ гашта, аз ҷониби дигар ҳисси зебоипарастии онҳо аз тариқи саҳна ва аёниятҳои дарсӣ, сайқал меёбад, ки бевосита барои ташаккули шахсияти хонандагон таъсири амиқ мерасонад.

Мутаассифона, ҷомеаи ҷаҳониро истифодаи шабакаҳои иҷтимоии ғайримақсаднок аз ҷониби хонандагон ба изтироб овардааст. Омӯзгорони тоҷик низ ба воситаи дарсҳои тарбиявӣ, ҳамкории якҷояи мактаб ва оила ҷиҳати дар хонандагон бедор намудани меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихор доштан аз забону фарҳанг ва канораҷӯӣ аз таъсири бегонагон аҳамияти хосса медиҳанд.

 

Муҳаббат ҚОДИРОВА,

омӯзгори забони англисии  литсейи давлатии рақами  №3  барои хонандагони болаёқати  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш