Нашрияи Омӯзгор

Саёҳатҳои математикӣ

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муосир бояд ба хонандагон аз ҳамаи фанҳои мактабӣ мувофиқи талаботи барномаҳои салоҳиятнокӣ маълумоти муайян диҳанд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дониши хонандагони имрӯза ба талабот чандон ҷавобгӯ нест.

Инро сабаб чист? Дар душвории маводи барномавӣ ё камтаҷрибагиву сатҳи номувофиқи маҳорати муаллим. Муаллимони пешқадам нишон медиҳанд, ки аз фаъолияти муаллим бисёр чиз вобаста мебошад. Муаллими моҳири математика метавонад шавқу ҳаваси шогирдонашро ба омӯзиши фанни худ зиёд кунад. Роҳу равиши зиёд кардани ҳисси математикадӯстӣ дар талабагон зиёд аст. Саёҳатҳои математикӣ яке аз намудҳои кори берун аз синф ба ҳисоб меравад ва боиси баланд шудани шавқу завқи хонандагон ба математика мегардад. Ҳангоми гузаронидани саёҳат хонандагон ба бисёр фигураҳо ва бузургиҳои геометрӣ (дарозӣ, баландӣ, масоҳат, ҳаҷм ва ғайра) дучор шуда, барои ҳисоб кардан аз формулаҳое, ки ҳангоми таълим аз худ карда буданд, истифода мебаранд. Дар рафти саёҳат талабагон бовар ҳосил мекунанд, ки математика дар ҳар як қадам дучор меояд ва барои инсон доимо лозим аст. Пеш аз гузарондани саёҳат омӯзгор ҷои саёҳатро муайян карда, баъд ба хонандагон ҳамроҳи худ гирифтани лавозимоти заруриро (қалам, дафтари тоза, ҷадвал, секунҷаи нақшакашӣ, паргор) таъкид мекунад. Дар рафти чунин сайру саёҳатҳои математикӣ сатҳи азхудкунии талабагон меафзояд. Инак: 1. Математика дар Боғи ботаникӣ: Хонандагон дар табиат масоҳати боғ, намудҳои гуногуни фигураҳои геометрӣ: ҷисмҳои даврашакл, эллипсшакл, пирамидашакл, дарахтони гуногун ва баландии онҳоро ҳисоб мекунанд ва ба тарзи ҳалли масъалаҳои доир ба “Сохтан” маълумоте пайдо мекунанд. 2. Математика дар сохтмон, яъне сохтани биноҳои баландошёнаи шаҳр, терминалҳо, пулҳо ва аквапаркҳо. Хонандагон бо тарзҳои истифодаи шоқул, кашидану хондани нақшаҳо, ҳисоби ҳаҷми таҳкурсию деворҳои хонаҳо, ҳаҷми корҳои заминӣ ва ғайра шинос шуда, мустақилона масъалаҳо тартиб дода, ҳал мекунанд. 3. Саёҳат ба бюрои ҳисоббарорӣ: аз ҷумла, донишкада, корхонаи оморӣ, маркази ҳисоббарорӣ ва ғайраҳо. Хонандагон дар ин ҷо ба намудҳои гуногуни машинаҳои ҳисоббарорӣ, тартиб додани алгоритмҳо шинос мешаванд ва мебинанд, ки онҳо то чӣ андоза кори одамонро осон мекунанд.

4. Саёҳат ба утоқҳои кории математикии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ. Дар ин ҷо хонандагон ба моделҳои математикӣ, мошинаҳои соддаи ҳисоббарорӣ, графику ҷадвалҳо ва воситаҳои техникии таълим аз наздик шинос мешаванд. Омӯзгори фанни математика ё коргузори ҳамон синфхона дар бораи ҳар як асбобу анҷоми мавҷудбуда маълумот медиҳад.

Аз рӯйи мушоҳидаву дидаҳои хонандагон масъ-алаҳои гуногуни математикӣ тартиб дода мешаванд, ки ин хеле муҳим мебошад. Солҳои охир дар боби масъалаву мисолҳалкунӣ дар таълимгоҳҳо ҳамчун воситаи инкишофдиҳандаи дониши талабагон муваффақиятҳои ба назар намоён ба даст оварда шудааст.

 

Саврия ВАҳҲОБОВА,

омӯзгори математика

ва физика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш