Ҳар як тамокукаш бояд донад ва фаромӯш накунад, ки вай на фақат худро, балки атрофиёнро низ заҳролуд мегардонад.
В.Н.Смешенко
Шумораи тамокукашон дар айни замон дар ҷаҳон садҳо миллион нафарро ташкил медиҳад. Зиёда аз нисфи марду чоряки занони қитъаҳои замин тамоку мекашанд. Тамокукашӣ ҳоло ҳам дар байни одамон, хусусан, ҷавонон зиёд ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, солҳои охир тамокукашӣ дар байни наврасон низ паҳн гардидааст. Аз нисф зиёди мардону занон тамокукаширо аз ҷавонӣ (ноболиғӣ) сар кардаанд.
Тамоку чист? Чӣ гуна зарар мерасонад?
Тамоку растании яксолаест, ки дар таркиби барг ва пояҳои он моддаи заҳрноки никотин мавҷуд аст. Дар дуди тамоку бештар аз 200 намуд моддаи заҳролуд, монанди никотин, дуда, карбон, кислотаи хлорид ва ғайра мавҷуд аст. Дуде, ки барои баъзеҳо маъқул асту форам менамояд, ба организм дохил шуда, тадриҷан ба он зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар навбати аввал вай ба сис-темаи асаб ва роҳҳои дил таъсир расонда, ба баландшавии фишори хун, склероз ва зиқии дил боис мегардад. Бо қатъият гуфтан мумкин аст, ки дар организм ҷое нест, ки ба он никотин таъсири манфӣ нарасонад. Организми кӯдак ба таъсири никотин хеле ҳассос мебошад. Дар натиҷаи таъсири никотин ба нашъунамои наврас ва инкишофаш халал ворид мешавад. Тамоку ба организм, ба системаи дилу рӯдаҳо, гардиши хун ва системаи асаб (бехобӣ, бадфеълӣ, суст шудани хотира, костагии ақл ва ғайра) таъсир мерасонад.
Қариб 70% - и дуди тамокуи ба атроф паҳншуда муҳитро бо моддаҳои заҳрнок (никотин, гази карбон ва ғайра) заҳролуд мекунад.
Чӣ тавр бояд аз ин одати бад халос шуд?
Аксари тамокукашон бе ёрии табибон худ ин одати бадро тарк гуфта метавонанд. Ин ҷо иродатмандӣ ва қатъият лозим аст. Ёрии тиббӣ барои баъзе одамоне, ки ба никотин сахт одат кардаанд, лозим аст. Духтур барои ин гуна шахсон доруҳои махсусро тавсия мекунад, ки он хоб, кори дил ва системаи асабро муътадил мегардонад. Ҳамаи онҳое, ки тамокукаширо тарк кардан мехоҳанд, бояд бештар дар ҳавои кушод гардиш кунанд ва ба машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул шаванд. Мубориза ба ин одати зарарнок вазифаи умумиҷамъиятӣ мебошад. Тамокукаширо партофта, кас ҳам ба худ ва ҳам ба атрофиён манфиат меоварад. Дар мамлакати мо барои атрофиёнро аз дуди зараровари тамоку ҳимоя кардан як қатор чораҳо дида шудаанд. Дар троллейбус, театр, толори консертӣ, кинотеатр, сирк ва умуман, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тамоку кашидан иҷозат нест. Тамокукашӣ дар муассисаҳои табобатӣ ва таълимӣ дар ҳузури кӯдакон қатъиян манъ аст. Ба ноболиғон фурӯхтани тамоку низ мумкин нест.
Идибек УМАРОВ,
омӯзгори биологияи мактаби
№61-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр