Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Рӯшон:

бунёди бинои муосири таълимӣ

Бахшида ба 30-солагии Истиқло-лияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи  Назришо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир  Зокирзода  ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Ёдгор Файзов ширкат варзиданд.

Хишти аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияи Рӯшон  моҳи сентябри соли 2016 гузошта шуда буд. Барои бунёди бинои мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз  15 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Бинои нав  барои 450 нафар хонанда пешбинӣ гардида, аз утоқҳои муосири фаннӣ, маҷлисгоҳ барои 210 ҷой, ошхонаву китобхона ва толору майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои хуб дода, баён дошт, ки  Ҳукумати мамлакат танҳо соли 2019  беш  аз 4 миллиард сомониро ба рушди соҳаи маориф  равона намудааст, ки он дар муқоиса ба соли 2018  13 фоиз  бештар мебошад. Зикр гардид, ки аз шумораи умумии муассисаҳои таълимии вилоят 54 муассисаи таълимӣ  ҳанӯз дар ҳолати  садамавӣ қарор дошта,  бо супориши роҳбарияти олии мамлакат  таъмиру навсозии ин муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 44 муассисаи таълимӣ бо фарогирии беш аз 4 ҳазор хонанда фаъолият дошта, сол аз сол  шароити таълим рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Ҳамчунин, бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ  ва раиси вилоят дар деҳаи Барзуди ҳамин ноҳия майдончаи варзишӣ ва макони дилхушӣ барои кӯдакон дар фазои идона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин ду иншоот давоми се моҳ бо иқдоми  соҳибкори маҳаллӣ Некрӯз Худоёров дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ бунёд гардиданд. Маблағи ҳарду иншоот  420 ҳазор сомониро ташкил дода, дар майдончаи варзишӣ имконияти баргузор кардани  мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Конибодом:

симои шаҳри дигаргун мегардад

Аз оғози сол то имрӯз  дар шаҳри Конибодом 159 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудааст.

То соли 2021 дар шаҳр бунёду навсозии 506 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки баъди ба истифода додани онҳо симои шаҳр ба куллӣ дигаргун мегардад.  Бояд гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст, дар маҷмӯъ, 252 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи умумӣ 49,8 дарсад иҷро гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, танҳо соли равон сохтмони 178 адад иншоот дар назар дошта шудааст.  Дар  9 моҳ нақшаи бунёди иншоот бахшида ба ин ҷашни миллӣ 89,3 дарсад иҷро  гардидааст.

 

Хатлон:

566 мактаби нав бунёд мегардад

Дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар зарфи 5 сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 566 муассисаи таълимӣ ва дигар иншооти муҳими соҳа ба нақша гирифта шудааст.

Иҷрои барномаи мазкур сарфи 1 миллиарду 135 ҳазору 661 сомониро пешбинӣ мекунад. Қарор аст, ки 110 ҳазору 150 ҷойи нишаст барои хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шавад.

То имрӯз тибқи барномаи мазкур 39 иншооти соҳаи маориф бо сарфи зиёда аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар зарфи се сол барои сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 25,5 миллион сомонӣ, буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 9 миллион сомонӣ, сармояи дохилӣ ва хориҷӣ 26,4 миллион сомонӣ, соҳибкорони ватанӣ ва маҳаллӣ 14,1 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2017-2019 дар доираи татбиқи Барномаи мазкур ва берун аз он дар шаҳру навоҳии вилоят 84 муассисаи таълимӣ иборат аз 463 синфхона барои 10521 ҷойи нишаст дар як баст (21042 ҷойи нишаст дар 2 баст) мавриди истифода қарор дода шудааст.

Душанбе:

хобгоҳи тозатаъмир ба истифода

дода шуд

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бинои хобгоҳ ва иншооти хизматрасонии иҷтимоии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон пас аз таъмири умумӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар ин рӯз ба як зумра донишҷӯёну магистроне, ки бо баҳои аъло муассисаро хатм намудаанд, дипломи сурх тақдим карда шуд.

Дар ҳамоиш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Саидвализода ва дигарон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки барои соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисон тайёр мекунад.

 Тӯли се соли охир иншооти номбурда бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ таъмир ва бо маблағи бештар аз 1 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд. Инчунин, хобгоҳи донишкада  давоми солҳои 2018-2019 бо маблағи зиёда аз 5,5 миллион сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизот таъмин гардида,  имрӯз ба истифода дода шуд. Дар хобгоҳ барои 200 нафар ҷойи хоб фароҳам оварда шудааст.

 

Сангвор:

78 иншоот бунёд мегардад

Ба ифтихори ҷашни 30- солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор 78 адад  бинову иншоот ба истифода дода мешавад. Ҳоло дар аксари иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ сохташаванда корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён дошта, бинокорон талош доранд онҳоро тибқи қоидаҳои меъморӣ ва бо сифати баланд мавриди истифода қарор диҳанд. Тибқи иттилои манбаъ,  ба шарафи ҷашн - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мувофиқи нақша бояд 25 иншоот дар соҳаи маориф, 6 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 5 иншоот дар бахши варзиш, 3 пули мошингузар, 6 бинои маъмурӣ ва 30 иншоот дар соҳаи хизматрасонӣ бунёд гардида, 3 қитъаи роҳи мошингард таъмиру барқарор карда шаванд.

То ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби соҳибкорону  сокинони ноҳия  30 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. То  соли  2021  48 иншооти боқимонда низ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021  ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию  хориҷӣ ба ноҳия дар шафати роҳи байналмилалии Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз зиёда аз 40 иншооти сарироҳӣ, аз қабили 14 истгоҳ,  16 адад амсила ва пайкараҳои ҳайвонот ва 2 гӯшаи деҳқон  ба истифода дода шуданд.

 

Тоҷикистон

дар ҷойи аввал

Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон, мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намуда истодааст.

 Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, ки имрӯз яке аз расонаҳои бренди сайёҳии ҷаҳонӣ «AFAR» Тоҷикистонро тибқи натиҷаҳои соли 2018, аз рӯи афзоиши шумораи сайёҳон (190,1 фоиз зиёд) дар ҷойи аввал қарор дод.

«AFAR» дар гузориши худ чунин менигорад, ки пас аз ташриф овардани 431 ҳазор нафар меҳмону сайёҳ ба Тоҷикистон соли 2017 теъдоди сайёҳон бо эълон доштани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бештар аз як миллиону 250 ҳазор нафар афзуд.

Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, ки аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда, хусусан, коҳиш додани маҳдудиятҳои дастрасии раводиди Тоҷикистон сабаби афзоиш ва майли сайёҳон ба ҷумҳурии  мо гардидааст.

Дар ин радабандӣ аз рӯи афзоиш дар ҷойи 10-ум Ветнам, 9-ум Фаластин, 8-ум Туркия, 7-ум Непал, 6-ум ҷазираҳои Конор, 5-ум Уганда, 4-ум Мисри Араб, 3-юм Эрон ва 2-юм Эквадор қарор доранд.

Таҳияи  Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш