Нашрияи Омӯзгор

Таърих ҳикматомӯз аст

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дар байни фанҳои ҷамъиятӣ таърих мавқеи муҳим дорад ва рисолати ҷиддиеро иҷро мекунад, ки бо хештаншиносиву ҳофиза, бо ҳодисаву воқеаҳо, бо марҳилаҳои зиндагии  инсонҳо ҳамбаста аст.

Ба шарофати ин илм мо ба гузаштаҳои дуру наздик назар меафканем, аз моҳияту сабаб ва нақши рухдодҳои гуногун огаҳӣ пайдо мекунем, шахсиятҳои  варзидаи оламро мешиносем ва аз ин ҳама ҳикмат меандӯзему сабақ мепазирем. Таърих бо нақлу ҳикоёти рангину муассираш чашми ҳамагонро ба оламу одам боз мекунад, чун оинаи воқеиятнамои дирӯзу имрӯз хидмат мекунад. Илми таърих сарнавишти тӯлоние дорад ва аз қадимтарин илмҳои ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Тамоми фанҳо ҳамбастагӣ бо таърих доранд ва худ пайдоиши ҳар як фан бо таърих иртиботманд аст; таърихи забон, таърихи адабиёт, таърихи риёзиёт, таърихи рассомӣ…

Масалан, дар барномаи таълими адабиёти тоҷик пеш аз омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоир ё нависандае аввал руҷӯъ ба таърих мешавад, вазъи таърихии замони адиб мавриди омӯзиш қарор мегирад ва муҳимтарин хусусиёту ҳодисоти айём тавсиф меёбад. Яъне омӯзиши таърих имкон фароҳам меоварад, ки ба эҷодиёти адиб баҳои ҳақиқӣ дода шавад, навиштаҳои ӯ дуруст ташреҳ гарданд. Ҳаёт ва эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бидуни огаҳии кофӣ аз давлатдории Сомониён ва аҳди ҳукмронии ин хонадон дуруст фаҳм кардану баҳо додан имконнопазир аст. Ҳамчунин, илми таърих мадад мерасонад, ки мо марҳилаҳои ташаккул ва такомулу рушди забони тоҷикиро дуруст маърифат бинамоем ва китоби «Таърихи забони тоҷикӣ»-ро биофарем. Ҳатто вожаҳо таърихи худро доранд ва баъзе аз онҳо бо ҳодисаву  рухдодҳои таърихӣ алоқаманданд. Чунончи, воқеаи таърихии марбут ба гурӯҳе аз эътирозгарони барошуфта заминаи пайдоишу маъруфгардии вожаи «сафедҷомагон» ва ибораи «шӯриши сафедҷомагон» гардид ва ба таркиби луғавии забонамон тағйирот падид омад. Ба василаи ҳодисоти таърихӣ бисёр воқеъ мегардад, ки номи қабилаеву гурӯҳе ва ҳатто ашхоси алоҳида ба як навъ истилоҳи таърихӣ табдил ёбад. Ба ин гуфта ибораву вожаҳои Оли Сомон, Ғазнавиён, Спитамон, Сафавиён, Восеъ Муқаннаъ… мисол шуда метавонанд.

Илми таърих танҳо ва танҳо бо воқеият сарукор дорад ва дар он тахмину баёни урён корагар намешавад. Аз ин сабаб ифодаи «таърих гувоҳ аст» хеле машҳур мебошад. Вақте ки таърих гувоҳӣ медиҳад, дигар ба нобоварию ҳарзагӯӣ ҷой намемонад. Чунончи, таърихи халқи тоҷик гувоҳӣ додааст, ки ин халқ гузаштаи хеле бостонӣ дорад, дар қаламрави он шахсони бузурге зиндагӣ кардаанд, тоҷикон аз қадим ҳунарманду сарбаланд будаанд, аҷдоди онҳо ҳамеша дар ҳифзи марзу буми хеш ва фарҳангу тамаддуни пурғановаташон мекӯшидаанд. Ин нуктаҳои ифтихорбарангез, аз ҷумла, дар китоби безаволи «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров батакрор таъкид шудаанд.

Зикри маънии гуфтаҳои боло аз ҷониби омӯзгор зимни дарсҳои таърих шавқу завқ ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба омӯзиши ин фан афзун мекунад. Вақте ки шогирдони мо бо иштиёқмандӣ ба омӯзиши таърих машғул мешаванд, ҳисси хештаншиносиву ифтихор ва ҳувияти миллиашон боло меравад ва дар ин замина дар оянда барои халқу миллати худ хизмати шоиста карда метавонанд. Хирадманде аз ин лиҳоз комилан дуруст таъкид кардааст: «Илми таърих ба мо оинасон гузаштаро мунъакис мекунад, то дар такя бар он роҳи ояндаамонро муайян созем».

 

Мавлуда Сангинова,

омӯзгори таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш